СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: МЕТОДҲОИ МУОСИРИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД


СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: МЕТОДҲОИ МУОСИРИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД

Санаи 18-уми апрели соли 2024 дар МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Методҳои муосири табобати бемории диабети қанд” бо иштироки васеи эндокринологҳо ва табибони оилавӣ баргузор гардид.

Семинар бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, номзади илмҳои тиб, дотсент Қобилзода Қобилҷон Кенҷа оғоз гардида, моҳият ва аҳамияти амалии семинари мазкур барои рушди соҳаи тандурустии кишвар ва солимии ҷомеа таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Дар семинари мазкур олимони соҳа-ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои эндокринология, тибби оилавӣ, бемориҳои дарунӣ ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ   иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас мудири кафедраи эндокринология, номзади илмҳои тиб Ниязова Наргис Фазлихудоевна ва ҳайати олимони кафедра- номзади илмҳои тиб, дотсент Иноятова Н. А., номзади илмҳои тиб, дотсент Пирматова М.А. ва дигарон бо маърузаҳои илмӣ баромад карда, табодули афкор сурат гирифт.

Ҳадаф аз баргузор гардидани семинари мазкур баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳаи тандурустии кишвар ба ҳисоб рафта, бо ҳамин васила нақши онҳо дар солимии ҷомеа муайян карда мешавад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


18.04.2024 406

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php