СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ АСАБШИНОСОН


СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ АСАБШИНОСОН

Санаи 17.04.2024 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо иштироки намояндагони хориҷӣ ва доираи васеи олимони соҳаи асабшиносии кишвар семианри илмӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои “Оризаҳои неврологии “Ковид-19”” ва “Дард дар таҷрибаи клиникӣ аз давраи навзодӣ то пиронсолӣ” баргузор гардид.

Кори семинарро мудири кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббии ба номи профессор М. Ғуломови бунёдии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” , номзади илмҳои тиб, Ғаниева Манижа Темуровна ҳусни оғоз бахшида, итминони боварӣ намуд, ки натиҷаи кори семинар барои рушди тандурустии кишвар бахусус соҳаи асабшиносӣ як қадами ҷиддии илмӣ хоҳад бахшид. Сипас, профессори кафедраи педиатрияи госпиталии шаҳри Уфаи Федератсияи Русия, доктори илмҳои тиб Ахмадеева Элза Набиахметовна дар мавзуи “Дард дар кӯдакони навзод” ва доктори илмҳои тиб Ахмадеева Лейла Ринатовна-профессори кафедраи асабшиносӣ, психологияи клиникӣ ва табобати дарди Донишгоҳи давлатии тиббии Бошкирдистони Федератсияи Русия дар мавзуи “Алоимҳои дард дар таҷрибаи асабшиносон” баромад намуданд. Ҳакимова Соҳиба Зиядуллоевна - доктори илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедраи асабшиносӣ бо курси ҷарроҳии асаби шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба тариқи маҷозӣ дар мавзуи “Дорсалгия ва радикулопатия” суханронӣ намуда, нозукиҳои мавзуи мазкурро ба баррасии илмӣ кашиданд.

Бо намояндагӣ аз номи табибони тоҷик Зарипов Нуралӣ Абдурақибович атрофи ҷанбаҳои илмию назариявии бахши асабшиносӣ бо маърузаи илмӣ баромад карданд. Дар охири семинари илмӣ-амалии асабшиносон табодули афкор сурат гирифт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


18.04.2024 401

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php