“Терроризм ва экстремизм – таҳдид ба амният ва суботи ҷомеа”. Баргузории ҷаласаи сиёсӣ дар кафедра


“Терроризм ва экстремизм – таҳдид ба амният ва суботи ҷомеа”. Баргузории ҷаласаи сиёсӣ дар кафедра

15-уми апрел дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ дар ҳошияи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш баргузор гардид. Кори ҳамоишро мудири кафедра н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. оғоз бахшида, перомуни масъалаҳои терроризму экстремизм, нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим, риояи қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва либосҳои тавсиявӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалиро касб мекунад. Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан, таъкид намуданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Бояд таъкид намуд, ки муборизаи беамон бар зидди равандҳои хатарзо, яъне пешгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, сафарбар намудани тамоми имкониятҳо барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави кишвар масъулияти баланд, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан ва зиракии сиёсиро аз ҳар яки мо тақозо менамояд”.

        Ҳамчунин, қайд гардид, ки мо бояд ба қадри давлати милливу истиқлоли он, ки волотарин арзиши миллист, бирасем, якпорчагии мамлакат ва ваҳдати комили миллиро пос дорем ва ин неъматҳоро бояд аз бадхоҳони миллат ҳифз намоем ва барои пешгирӣ намудани амалҳои нангин, ҷалб кардан ва гаравидани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон, ба гурӯҳҳои мусаллаҳонаи террористӣ ва экстеремистӣ, инчунин оид ба арзишҳои истиқлолият ва барқарор намудани сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии ҷавонон, инчунин дастовардҳои даврони истиқлолият дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ваҳдатсози Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, бояд аз ҳарвақта дида бештар дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем.     

         Дар охири семинар ёдрас карда шуд, ки омӯзгоронро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирии ин гуна ҳолатҳо муттаҳидона камари ҳиммат банданд. Ҷиддан ба кори таълим машғул шуда, дар раванди таълим ва берун аз он қоидаҳову тартиботи дохилидонишгоҳиро риоя намуда, намунаи ибрати донишҷӯён бошанд.

           

Шамсиддин Муродов,

ассистенти кафедра оид ба тарбия


17.04.2024 443

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php