“Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!”. Баргузории семинар дар кафедра


“Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!”. Баргузории семинар дар кафедра

Мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1-уми марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол санаи мазкур ба 20 апрел рост меояд. Ба ин муносибат 16–уми апрели соли 2024 дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб семинари ҷашнӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт» таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» бо донишҷӯёни курси 4– уми факултаи тиббӣ ва курси 2–уми факултаи тиббӣ–профилактикӣ баргузор карда шуд.

Дар семинар ҳайати устодони кафедра иштирок намуданд. Нахуст семинарро муаллими калони кафедра Маҳмудова Д.Ш., ифтитоҳ бахшида, донишҷӯёнро ба ифтихори «Рӯзи пойтахт»–и Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбеи нозанин, ки орзуву ормони тамоми сокинони кишвар дар қалби он нуҳуфтааст, ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Душанбе пойтахти Тоҷикистон буда, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин ба ҳисоб меравад.

Аҳамияти таърихӣ ва бостонии шаҳр зимни Конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони "Душанбе – шаҳри бостонии ориёӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим" баррасӣ гардид.   Душанбе баъди истиқлолият  дарвозаҳои фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиашро бо донишмандон ва фарҳангшиносон ба рӯи ҷаҳон боз кард. Имрӯзҳо ба ин шаҳри ҷавон дӯстдорони фарҳангy тамаддун меҳмон мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки ин шаҳр дар радифи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона дар ҷаҳон эътироф гардид. Шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер – Душанбе бародаршаҳрҳо , Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ мебошад. Ҳамчунин, Душанбе  бо якчанд шаҳрҳои дунё бародаршаҳр аст, ки  тавассути он Осиёи Миёнаро бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи бузурги Шоҳроҳи бузурги "Абрешим" пайванд намуда, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро таҳким мебахшад.  Лоҳур  аввалин шаҳр дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст. Дар давраи шоҳигарии муғулон ин шаҳр маркази идоракунии умури давлатдорӣ буд. Дар биноҳои қадимаи он навиштаҷот ба забони форсӣ-тоҷикӣ дида мешавад, ки робитаи адабӣ-фарҳангии Душанбеву Лоҳурро боз ҳам наздиктар мекунад. Душанбе яке аз шаҳрҳои зебои Осиёи Миёна мебошад. Шаҳр дар водии Ҳисор дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.  Тибқи маълумоти бостоншиносон, ин шаҳр таърихи 2300-сола дорад. Номи имрӯзаи Душанбе соли 1676 нахустин бор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич зикр шудааст. Дар таърих ёд мешавад, ки мардуми атрофи Ҳисор ҳар рӯзи душанбе ба яке аз деҳаҳои он, ки Душанбеи имрӯза қарор дорад, барои харидуфурӯш меомаданд ва ба ҳамин муносибат ин шаҳрро Душанбе меноманд. Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ ба худ мақоми шаҳрро гирифт ва аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 дубора Душанбе  номгузорӣ шуд. Шаҳри Душанбе  бо шаҳрҳои  Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лусака (Ҷумҳурии Замбия), Монастир (Ҷумҳурии Тунис), Лоҳур, Исломобод (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия), Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Теҳрон , Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Минск (Ҷумҳурии Беларус), Чиндао, Хайнан,  Урумчи, Сямэн (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анкара (Ҷумҳурии Туркия), Ашқобод (Туркманистон), Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон) робитаҳои бародаршаҳрӣ бар-қарор намудааст. Шаҳри Душанбе   бо шаҳрҳои давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Америка ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ истиқрор намуда, дорои  макону ёдгориҳои зиёдест, ки пайваста сайёҳон аз ин ҷо дидан менамоянд. Хулоса, Душанбе маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ аст, ки пайваста  ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба дӯстиву бародарӣ ва дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд. 

Дар зимн, муаллимаи калони кафедра Нуриддинова Н.Н. дар бораи таърихи миллати соҳибфарҳанги тоҷик суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Аз ин ҷост, ки ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардида, бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем. Хушбахтона, имрӯзҳо барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу мубораки умумимиллиамон 33 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар пайдо карда, ҷараёни корҳо дар иншооти ҷашнӣ бомаром идома доранд. 

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ -Пешвои миллат, ҳамчун рамзи саодату осудагӣ ва сипари боэтимоди ватан ба фардои дурахшону пешрафтаи Тоҷикистони биҳиштосо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе нафақат пойтахти Тоҷикистон балки маркази асосии илмиву фарҳангӣ, эъҷодиву иттилоотӣ ва нерӯи зеҳнӣ ба ҳисоб рафта, он барои тамоми табақаи наслҳо ҳамчун хотираи беҳтарини аёми ҷавонӣ ва пояндагии миллат ба ҳисоб меравад. Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намуданд, «Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст».

Бо истифода аз ин имкониятҳо ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ки дар асл сутуни пойдории давлат ва симои аслии миллат ва яке аз пойтахтҳои ҷавонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, бояд арҷгузорӣ кард.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест, Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, Истиқлолият ва ваҳдати комили ҳар як хонадони миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро бе Ватан инсон бесарнавишт ва бе қурбу беманзалат мебошад. Албатта ҷони ҳар як миллат ва ватан, бевосита дар қалби он ё пойтахташ нуҳуфтааст, ки дар баробари модар ва ватан азизу гиромӣ мебошад.

Дар ин росто, ҳар яки мо ваколатдор мебошем, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таъмини ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва баланд бардоштани мавқеи устувори ҷавонон дар соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти Тоҷикистони азиз, махсусан қабли он шаҳри Душанбе ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёну ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ҷавону умедбахши шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ силсила тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст, саҳмгузор бошем. Қобили зикр аст, ки шаҳри Душанбе шаҳри ҷавонист ва интихоб гардидани роҳбари ҷавону умедбахши он низ тимсоли ҳамдигар буда, эътимоду боварии насли ҷавони кишварро ба давлату Ҳукумат ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дучанд афзун мегардонад. Бе муболиға мову шумо ҳамарӯза шабҳои бехобӣ ва заҳмату фидокории раиси шаҳри Душанбе, ки ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, тамоми вуҷудашро баҳри хизмат ба миллат ва давлату хоки муқаддаси он равон намудааст, моро бетараф гузошта наметавонад. Маҳз муҳаббат ва садоқати самимонаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, ба боварӣ аз ҷавонони кишвар ва эътимоди Пешвои миллат ба насли ояндасози он, ба ӯ қувваву неруъ ва илҳоми тозаро ато намуда, мову Шумо баръало дида истодааем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ шабу рӯз дар фикри рушду зебогӣ ва таъмини ҳаёти ободу осудаи тамоми сокинони кишвар ва муосиру замонавӣ гардонидани он мебошад. Рӯзҳо ва солҳо мегузаранд, вале арзиши Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, муқаддас шуморидани Модар – Ватан ва хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ аз саҳифаҳои таърих зудуда нахоҳад шуд, он ҳамеша ва ҷовидон бо хатҳои заррин дар танаи сангҳои баланду тануманди Тоҷикистон ва қалбҳои фарзандони ӯ сабт хоҳад шуд. Дар семинари ҷашни донишҷӯи курси 2, гуруҳи 3-юми факултети тиббӣ-профилактикӣ Холова Меҳрафрӯз бо маърӯзаи худ таҳти мавзӯи «Сокини пойтахт будан шараф аст» бо як эҳсоти баланд баромад намуда ба ҳозирин дар бораи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе маълумот доданд”.

Ҳамчунин, дигар устодони кафедра низ дар бораи аҳамияти ин ҷашн дар ба вуҷуд овардани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон суханронӣ намуда, ҷойгоҳи ин шаҳри азизро дар рушди тамаддуни миллӣ муаррифӣ намуданд.

 

Кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


17.04.2024 441

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php