Баргузории семинар дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2


Баргузории семинар дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2

Имрӯз, 17.04.2024 дар толори кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2-и Донишгоҳ дар мавзӯи «Ташхиси дифференсиалии ҳолатҳои коматозӣ» семинар баргузор гардид.

Дар семинар дотсент, н.и.т. Хоҷаева Н.Н., ординаторҳои клиникии курсҳои якуми таҳсил, интернаҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, дотсенти кафедра н.и.т Хоҷаева Н.Н., семинарро оғоз намуда, дар бораи муҳим будани ташхис ва дуруст табобат кардани ҳолатҳои коматозӣ андешаронӣ намуд. Ҳамчунин, духтур - ординатори соли якум Исматов Ф. низ дар мавзӯи «Ташхиси дифференсиалии ҳолатҳои коматозӣ» фикру андешаҳои худро баён намуд.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2


17.04.2024 434

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php