Баргузории дарси кушод дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1


Баргузории дарси кушод дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1

Имрӯз (17-уми апрели соли 2024) дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1 ба номи профессор Қаҳҳоров А.Н. бо ташаббуси ассистенти кафедра, номзади илмҳои тиб Расулов Абдуллоҷон Ғафурович дарси кушод дар мавзӯи «Амалиёти ҷарроҳӣ, мафҳум ва давраҳои он. Давраҳои пеш ва баъдиҷарроҳӣ, мақсад ва вазифаҳои онҳо» бо иштироки намояндаи Раёсати Донишгоҳ, методисти Раёсати таълим Алимова Барно Обидовна, намояндогони кафедраҳои Донишгоҳ Исоқӣ Ф.И.-н.и.т., дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2, Турсунқулов З.З.- ассистенти кафедраи ТАБД, Баротов Х.Х.- н.и.т., дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2, Холбеков С.А.-н.и.т., дотсенти кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ, Ҷонов Б.Н.-н.и.т., дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1, мудири кафедра д.и.т. Даминова Н.М, ассистенти таълимӣ, н.и.т., дотсент Салимов Ҷ.С., н.и.т., дотсент Нозимов Ф.Ҳ., н.и.т. ассистенти кафедра Ҳамроев Б.М., дигар кормандони кафедра, аспирантон, ординаторони клиникӣ ва донишҷӯёни курси 3-юми факултаи тиббӣ баргузор карда шуд.

Дар оғози дарси кушод номзади илмҳои тиб Расулов Абдуллоҷон нахуст оиди хештаншиносӣ ва роҳ надодан ба бегонапарастӣ суханронӣ намуд ва баъдан мавзӯи дарси кушод аз ҷониби устодон баррасӣ гардида ва дар байни донишҷӯён бо истифода аз усулҳои интерактивӣ саволу ҷавоб ташкил карда шуд.

Дар охири дарси кушод донишҷӯён бо истифода аз технологияҳои муосир видеоролики рафти коркарди дастони ҷарроҳ пеш аз ҷарроҳӣ, пӯшидани хилъати беуфунат ва дастпӯшак бо кумаки ҳамшира, ҷарроҳии нақшавӣ оиди чурраи қадкашак-ҷарроҳии Лихтенштейн ва ҷарроҳии таъҷилӣ оиди кушодани ҳидроаденити фасоднок нишон доданд.

Бояд гуфт, ки истифодаи усулҳои интерактивӣ ва технологияҳои муосир ба донишҷӯён ва дигар иштирокчиён писанд гардида ва хуб баҳогузорӣ карда шуд.

Дар охир намояндагони Раёсати таълим ва кафедраҳои Донишгоҳ суханронӣ намуда, фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳои хешро иброа намуданд.

 

Кафедраи ҷарроҳии умумии №1


17.04.2024 428

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php