СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ГАНҶИНАИ БЕБАҲО ДАР РОҲИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА


СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ГАНҶИНАИ БЕБАҲО ДАР РОҲИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Санаи 15 апрели соли 2024 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки кормандони кафедра, кормандони беморхонаи МД “ММТ Шифобахш”, ординаторҳои клиникӣ ва донишҷӯёни курси 6-ум факултети тиббӣ чорабинӣ оид ба фаҳмонда додани муҳтавои суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 шуда гузашт, баргузор гардид.

         Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

         Аз руи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, хараҷоти маблағро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, арҷу савоби беандоза ба даст оранд.

         Мавриди тазаккур аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

Кафедраи бемориҳои дарунии №3



17.04.2024 418

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php