УНВОНИ ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ МУБОРАК!


УНВОНИ ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ  МУБОРАК!

Басо рамзист, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистоне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстию бародарии аҷдодӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор гардидаву ҳамкориҳои дуҷониба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтаанд ва пайваста вусъат меёбанд.

Дар партави ин сиёсати оқилонаи сарони ду кишвар санаи 15-16-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гирдид, ки дар он ректорони муассисаҳои олии касбии ҳарду кишвар ширкат варзиданд.

Қобили қайд аст, ки дар Форуми мазкур як қатор шартномаҳои мутақобилан судманд байни Донишгоҳи  давлатии тиббии Самарқанд ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ба имзо расид, ки барои рушду такомули таълиму тарбия дар муассисаҳои мазкур мусоидат менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки ширкат дар конференсияю симпозиумҳо ва ҳамоишҳои илмӣ дар байни ин ду муассисаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола садҳо нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилин дар ҳамоишҳои ҳамдигар ширкат варзида мубодилаи афкор мекунанд ва бешак дар сатҳи балан доир намудани Форуми мазкур омили вусъатбахшандаи ин ҳамкориҳо маҳсуб меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳошияи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми босазо дар таҳкими ҳамкориҳои тарафайн, хизматҳои арзанда дар ба камол расонидани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. бо унвони “Профессори фахрии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд” сарфароз гардонида шуданд.

Раёсат, ҳайти профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон устоди азизро бо ин унвони фахрӣ муборакбод намуда, барояшон саодати рӯзгор ва барои рушди ҳамкориҳо бурдбориҳо таманно менамоянд.

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


4
2
1
16.04.2024 465

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php