ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ ОФТАЛМОЛОГИЯ


       ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ ОФТАЛМОЛОГИЯ

Санаи 15.04.2024 дар кафедраи офталмологияи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва муҳассилин дар гурўњи 80, курси 4-уми факултаи тиббї дарси кушод дар мавзўи «Вазифањои узви босира» баргузор гардид.

Дотсент Юнусова З.И. дарсро оғоз намуда, дар мавзӯи “Фарҳанги табиби муосир”, ки фарогири масъалаҳои одобу ахлоқ, арљгузорї ба расму оинњои миллї, мењанпарастї, инсондўстї, тарзи либоспўшї, њамроњ нашудан ба њизбу њаракатњои ифротгарої ва зиракии сиёсиро аз даст надодан буданд, баромад намуд.

Донишҷуёни фаъоли гуруҳ Нуридинзода Шабнам, Ќандов Юнусљон, Њабибзода Манижабону, Мирсалимов Рањмонбек дар мавзӯъҳои «Вазифаҳои узви босира» ва «Астигматизм» презентатсияињои худро ба иштирокчиён пешниҳод карданд. Сипас, баррасӣ ва муҳокимаронӣ оид ба баромадҳои пешниҳодгардида оғоз гардида, иштирокчиён ба ҳама саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар хотима ба донишљуён саволњои тестї ва масъалањои ситуатсионии клиникї оид ба мавзуъњои баррасигардида пешнињод гардида, љавобњои онњо бо иштироки худи донишљўён баррасї карда шуд.

        

Кафедраи офталмология


16.04.2024 266

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php