ҚАДАМЕ УСТУВОР БА СӮЙИ ДУНЁИ ИЛМ


ҚАДАМЕ УСТУВОР БА СӮЙИ ДУНЁИ ИЛМ

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки фаъолияти илмии кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ сол ба сол ва зина ба зина рушд ва тақвият меёбад. Мавриди зикр аст, ки дар кафедраи оториноларингология дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои тарбияи олимони ҷавон саҳми устодони соҳибтаҷрибаи кафедра ниҳоят баланд аст. Тасдиқи гуфтаҳои боло ин аст, ки санаи 16-уми апрели соли 2024 дар толори ҷаласавии кафедра маросими супурдани дипломи доктори илмӣ ба дотсенти кафедра Маҳмудназаров Маҳмадамин Имомович сурат гирифт.

Дар мавриди супурдани диплом мудири кафедра н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки устодони ботаҷрибаи кафедра ҳамеша дар пешбурд ва навоварӣ дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳмгузор буда, нисбати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи шахсии олимони ҷавони кафедра таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир менамоянд. Илова бар ин, қайд карданд, ки дар кафедра шумораи корҳои илмии докторӣ рӯ ба афзоиш намуда, нисбати тақвият бахшидан дар сатҳи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд.

   


16.04.2024 271

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php