ТЕРРОРИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ХАВФНОКИ ОН БАРОИ ОРОМИИ ҶОМЕА


ТЕРРОРИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ХАВФНОКИ ОН БАРОИ ОРОМИИ ҶОМЕА

Терроризм, пеш аз ҳама, хатар аст ва сарчашмаи пайдоиши он фаъолияти тундгароӣ ва ифротгароии ташкилотҳои террористӣ ва баъзан фаъолияти тахрибкоронаи хадамоти ҷосусии кишварҳои алоҳида мебошад. Ҳамчун хатар муаррифӣ гардидани терроризм ба он хотир аст, ки дар ҳолати рух додани амали террористӣ қурбониҳои зиёд, аз ҷумла ҳалокати аҳолии осоишта ва бегуноҳ, хисороти молию иқтисодӣ, паст гардидани машруиятӣ ҳокимияти давлатӣ, коҳиш ёфтани симои мароқангези давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ноамн шинохта шудани кишвар, ба вуҷуд омадани фазои тарсу ҳарос дар ҷомеа ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Бо дарназардошти оқибатҳои ногувор ва зарару зиёни терроризм гуфтан мумкин аст, ки он ба манфиатҳои миллии давлат, аз қабили ба суботи сиёсӣ, оромии ҷомеа, ба аҳолии осоишта ва ғ. таҳдид менамояд. (НИГ: Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муҳаммадзода П.А., Сафарализода Х.К., Амнияти миллӣ ҳамчун соҳаи илм: заминаҳои пайдоиш ва масъалаҳои рушди минбаъда, с.24-52,, №1 (1) 2022.- Душанбе – 2022)

Терроризм ин амалиёти давомноки ҳарбӣ, ахборотӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба мукобили давлат ва ҳаёти инсон равона мешавад, ки мақсади онро паҳн кардани тарс, воҳима, бесарусомонӣ дар ҷомеа ва фалаҷ кардани системаи давлатдорӣ, бо дарёфти натиҷаи дилҳоҳи террористон ташкил медиҳад. Давомнок будани терроризм дар он аст, ки ин зуҳурот имрӯз ҳамчун методи хушунати гурӯҳи террористӣ ва давлат ба таври доимӣ амал мекунад. Бори нахуст таърифи амалиёти террористӣ дар Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризм дар соли 1934 оварда шуд, ки он ҳамчун амали даҳшатовар бо мақсади паҳн кардани тарс миёни шаҳрвандон муаррифӣ гардид. Ин амале аст, ки дар натиҷаи он масъалаҳои иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеаро бо роҳи зуроварӣ ҳал мекунанд. Терроризмро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ низ номидан мумкин аст. Ба вуҷуд овардани ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳое, ки ба сифати объекти терроризм интихоб шудаанд, хавфи сар задани онро коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, хавф низ метавонад дар муносибат бо терроризм вуҷуд дошта бошад. Масалан, хавфи сар задани амали террористӣ, хавфи ба сафи террористон пайвастани шаҳрвандони мамлакат, хавфи ба дохили мамлакат ворид шудани террористон, хавфи дастболо гардидани террористон дар ҷангҳои иттилоотию психологӣ ва ғайраҳо метавонад рух диҳад. Дар мавриди терроризм хавф бо ҳолати номуайянӣ ва иштибоҳҳои раванди ташкили таъмини амният робита дорад.

Абдураҳмонов З.В., Назаралиев Ф.


16.04.2024 272

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php