ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ


ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД  БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Мардуми Тоҷикистон дар давоми буҳронҳои солҳои 90-уми асри ХХ бо аввалин ҳодисаҳои террористӣ дар ҷомеа бархурд намуд ва аз ҳамин давра зиёиён, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеа дар сари тақдири минбаъдаи ҷомеа ва давлат андешаронӣ намуданд. Фоҷиаи бузурги солҳои 90-уми асри гузаштаи миллати тоҷик бори дигар тасдиқ намуд, ки терроризм ва экстремизм омилҳои асосии ба нестӣ бурдани миллату давлат мебошанд.

Ҳамзамон, гурӯҳҳои хурди дастнигари ҳамватанони мо, ки гоҳо бо намоиш додани мушкилоти ҷаҳонбиӣ аз худ дарак доданӣ мешаванд, яқин аз хештаншиносии миллӣ бешуурона ва шояд бошуурона ҳам, фосила мегирифтанд. Натиҷаи ҷараёни худмуайянкунӣ, худшиносӣ, шахсият ва рафторсозӣ бошад, дар ин замон мавқеи дигар пайдо кард. Дар ин ҷода, рӯзгор беҳтарин воситаи дарки воқеият аст, барҳақ, Гегел таҷрибаи зиндагиро меъёри асили дарки олами ҳастӣ медонад. Ба ҳамин хотир, ҷузъиёт, раванд ва шаклгирии мафкурасозиро бо кӯшиши маҳз фаҳмониданӣ мешавад. Аммо ҷараёни худшиносиро, асосан, ҳамчун раванди фаъоли дохилии худи инсон дар назар мегирад. Бадбахтии гурӯҳҳои зиддимиллӣ, ки дар беруни кишвар кироякаши ақидаҳои сиёсии бегона ҳастанд, дар он зуҳур меёбад, ки онҳо дар системаи электрикии зуҳуроти ҷаҳонбинии худ раҳгум задаанд ва дар ин мафҳумҳо нотавонию нофаҳмии комили физиологии худро ба намоиш гузоштанд. (Ниг: Ятимов С. С. Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ, Асарҳо, ҷилди 9, Душанбе: Нашриёти муосир, 2020.-С.146)

Бинобар ҳамин хавфи раванди манфии терроризм ва экстремизм яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Аз ҳамин лиҳоз, муҳимияти таҳлили раванди икишофи ҳаракатҳои экстремизм ва терроризм дар он аст, ки маҳз бо таъсири қувваҳои экстремистӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардуми Тоҷикистон оварда шуд. Дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ омилҳои экстремизм ва терроризм боз ҳам бештар равнақ намуданд ва ҳамаҷониба барои пешрафти ҷомеа монеа мегардиданд. Бо назардошти шароити кунунӣ, ки дар он таҳдидҳои дорои характери экстремизм ва терроризм бештар гардиданд. Инчунин онҳо характери трансмиллӣ гирифта, талаботи ҷомеа ба шиносоӣ бо ин падидаҳои номатлуб афзоиш ёфт.

     Бояд тазаккур дод, ки дар «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки 16- уми ноябри соли 1990 қабул гардидааст, мафҳуми “терроризм” чунин шарҳ дода мешавад: «Терроризм – яъне зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани молу мулк ё дигар обеъктҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок мебошад». Мафҳуми “терроризм” (калимаи лотинии terror- ҳарос, дахшат) ба унвони мачмуи амалиёти даҳшатовар ва хушунати сиёсӣ маънидод шудааст, ки тибқи он террористон барои расидан ба ҳадафҳои худ аз усулҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ истифода мекунанд. Мафҳуми «террорист» бошад, ҳамчун ҷонибдори амали террористии инфиродӣ маънидод мешавад. Яъне террорист нафарест, ки амал ё идеологияи экстремистиро амалӣ мегардонад.

Назаралиев Ф. – кафедраи тибби ҳарбӣ


15.04.2024 266

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php