ШАРҲИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ


ШАРҲИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ

Дар шароити кунунӣ падидаҳои харобиовар, аз ҷумла, тероризм ва дигар унсурҳои ба он вобаста ба хатарҳои бузурӣ ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабор доранд ва зуҳуроти мазкур ба суботу амнияти башар таҳдид менамояд. Авзои ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва афзоиши муташаккили таҳдидҳои фаромарзӣ осебпазирии ҷомеаҳо эҳсос мешавад. Аксари ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир аз гувоҳӣ медиҳанд, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористию экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат карда истодааст. Фаъолшавии унсурҳои харобиовар, аз ҷумла, терроризму ифторгароӣ метавонад ба сарнавишти ҳар миллате дар сайёра хатарҳои воқеиро дар ҳар шакл бештар созад. Созмонҳои террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта пурзӯр намуда, мехоҳанд, сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

Чумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар ҷисму ҷони худ паёмади ин хатарҳоро эҳсос намуда буд, дар масъалаи муқовимат ба терроризму дигар хатарҳои ба он вобаста зери роҳбарии шахсияти фарзонаву дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва нақши фаъол дорад. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм дар сатҳи миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ зиёд буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфта, ниқши кишвари мо дар самти мубориза бар зидди терроризма ва дигар хатарҳори харобиовар бесобиқа аст. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муқовимат ба терроризм бо асосҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардида, марҳила ба марҳила татбиқ карда мешаванд. Ҳамзамон, дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Истилоҳи «Терроризм» мутобиқ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад, маънидод шудааст. «Террорист» бошад, шахси воқеӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолияти террористӣ дар ҳама шакл иштирок менамояд ва ё мақсади иштирок дар фаъолияти террористиро дорад, фаҳмида мешавад. Зери мафҳуми «Фаъолияти террористӣ» фаъолияте, ки ба содир намудани як ва ё якчанд ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст ва  кирдорҳои ташкил, банақшагирӣ, тайёрӣ ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст, моил кардан ба содиркунии амалҳои террористӣ, даъвати зӯроварӣ бо ҳадафҳои террористӣ, ташкили гурӯҳҳои ҳарбикардашудаи  ғайриқонунӣ ё ташкилоти ҷиноятӣ бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ, инчунин, иштирок намудан дар онҳо, ҷалб кардан, мусаллаҳ намудан ё истифодаи террористон, инчунин, ба онҳо омӯзонидани малакаи террористӣ, маблағгузории ташкилоти террористӣ ё террористон, дар ҳама шакл кумак расондан ба ташкилоте, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст, таблиғоти ғояҳои терроризм, паҳн кардани мавод ё иттилооте, ки ба амалигардонии фаъолияти террористӣ даъват менамояд ё зарурати амалигардонии чунин фаъолиятро асоснок ё сафед мекунанд, аз ҷумла, бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионии истифодаи умум ва интернет, мусоидат кардан ба тайёр ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст, маънидод мегардад.

Гурӯҳи террористӣ мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ месозанд. Дар тафсири асноди ҳуқуқӣ шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидан, ба воҳима ва таҳалука овардани одамон буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист». Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва дохилидавлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ барои бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд. Пешгирии терроризм дар байни ҷавонон татбиқи тадбирҳои мукаммали ташаккули фарҳанги ҳуқуқиро дар муҳити ҷавонон дар бар мегирад, ки ба тавсеаи назарраси ҷузъи ҳуқуқии тарбия ва таълим мусоидат мекунад. Огоҳӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои худ ба насли ҷавон кумак мекунад, то эҳсоси эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодии дигарон, аз ҷумла, зиндагӣ, саломатӣ ва иззати онҳоро эҷод кунад. Терроризм дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ як шакли шадиди зуҳури экстремизм ҳисобида мешавад. Терроризм таҳдиди гуногунҷабҳа ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аст, яке аз хатарноктарин навъҳои экстремизми сиёсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои зиддитеррористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти террористиро бо татбиқи ҷазо қотеъона маҳкум менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ борҳо таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро дастгирӣ мекунанд. Халқи тоҷик дар таърихи муосир давлатдории худ дар ва шароити соҳибистиқлолӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодааст. Ҷумҳурии мо дар самти мубориза бар зидди терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад ва хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалист. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва экстремизм Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро қабул намуд. Дар Стратегияи мазкур мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар мамлакат чунин муқаррар шудааст: «Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд».

Набояд фаромӯш кард, ҳар амали бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва дигар қонунгузории амалкунанда ҷавобгарӣ дорад.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 179. Терроризм

1) Терроризм, яъне, содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран содир шуда бошад;

в) аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ;

г) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;

д) аз ҷониби шахси мансабдор бо истафода аз мақоми хизматӣ;

е) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюми ҳамин модда, агар он:

а) аз ҷонибии гурӯҳи муташаккил;

б) дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи силоҳи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад;

в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ин ки дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Такрорӣ дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд ҷинояти пешбинишудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 179(1), 180, 181, 185, 310 ва 402 ҳамин Кодекс эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 179(1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо

1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, мусаллаҳ намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёран ва сари вақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирӣ содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.

 

Моддаи 179(3). Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ

1) Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 181, 182, 184, 184(1), 184(2) 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир карда шудаанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 180. Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ

1) Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба рух додани таркиш, сӯхтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддии ба молу мулк ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок оварда мерасонад ё ба амнияти ҳавопаймо ва шиноварии бехатари киштии обӣ таҳдид мекунад,-

бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 184(4). Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт

Интиқоли ғайриқонунии шахс дар нақлиёт бо дарки он, ки ин шахс ҳаракате содир намудааст, ки бо моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷиноят мебошад, бо мақсади ёрӣ расонидан ба чунин шахс барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Ҳамин тавр, имрӯз сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Кишварҳои олам ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ ба нақши Тоҷикистон дар мубориза ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм ва хатарҳои дигари харобиовар баҳои баланд додаанд. Ҳарчанд муқовимат ба терроризм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои таҳкими заминаҳои рушди давлати миллӣ фаъолияти худро дар ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, вазифаҳое, ки имрӯз дар назди мо шаҳрвандон гузошта шудааст, бояд бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ иҷро намоем.

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


01.05.2024 287

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php