Ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд

Ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд

Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин ва Мақбараи Ҳазрати Бобои шаҳри Хуҷанд, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, петроглифҳо-сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳа ва мавзеи Чилҳуҷраи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан аз ҷумлаи он нуҳ ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Суғд ҳастанд, ки Маркази байналмилалии нигаҳдошт ва консерватсияи дафтари минтақавии ЮНЕСКО нақша дорад ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии «Фарғона-Сирдарё» ворид намояд. Дар ин замина баҳри шиносоӣ ва омӯзиши ин ёдгориҳои таърихӣ намояндагон аз Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО таҳти роҳбарии роҳбари гурӯҳ, профессори Донишгоҳи Синхуа Лю Ҷоу ба маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд омаданд.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсис то ба имрӯз 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунё ба ин рӯйхат ворид карда шудаанд.

Аз ҷумла, то имрӯз аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият таоми миллии тоҷикӣ “Оши палав”, ҷашни ориёии “Наврӯз” ва як навъ санъати гулдӯзии тоҷикӣ-“Чакан” низ шомил карда шудаанд, ки мояи ифтихори сокинони мамлакат мебошанд.

                                                                                                 

Суҳайлӣ Расулзода, 

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳ, 

номзади илмҳои филологӣ, дотсент


01.02.2019     1332

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php