ОБ МАНБАИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ташкили ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада мебошад. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.
Баъд аз қабули Қатъномаи зикршудаи Маҷмаи умумии СММ бештар як сол сипарӣ гардид. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор иқдомоти муассиреро дар доираи чорабинии мазкур ба нақша гирифт. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои вобаста ба обро омӯхта баромада, чорабиниҳои мушаххас созмон диҳанд. Вобаста ба ин дар сатҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷаласаҳои коршиносону олимон гузаронида шуданд.
Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардид. Маркази мазкур тасмим гирфтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обиро гузаронида, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода намояд. Дар факултаҳои ҷуғрофиёи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 22 марти соли 2018 дар СММ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар қатори чорабиниҳои муҳим моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир мегардад ва дар он намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон оиди вазифаҳои даҳсола изҳори назар хоҳанд намуд. Аз ҷумла мутахассисону олимони тоҷик низ барои дар сатҳи баланд гузаронидани конфронс ҳамаҷониба омода мешаванд.
Албатта, даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015» самараи хуб дод ва дар кори наҷиби таъминоти саривақтии мардум бо оби нӯшокӣ, иҷрои лоиҳаҳои мухталиф дар кишварҳои ҷаҳон, истифодаи босарфа ва самараноки об аз худ осори шоистае боқӣ гузошт. Дар ин давра садҳои миллион нафар одамон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд, ҳолати тансиҳатӣ ва санитарии худро беҳтар гардониланд. Дар Тоҷикистон низ даҳҳо лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва амалӣ карда шуданд. Дар кишварҳои мухталиф конфронсу симпозиумҳо ва ҷамъомадҳо баргузор гашта, иҷрои вазифаҳои пешбинишуда ба таври васеъ матраҳ гардиданд. Вале бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам масъалаҳои мухталифи вобаста ба об ҳалли проблемаҳои об пурра роҳи ҳалли худро наёфтаанд, аз имконоти истифодаи «нерӯи сабз» ҳамаҷониба истифода бурда нашудааст. Дар ин замина, ҳанӯз дар байни кишварҳо ва минтақаҳо якдигарфаҳмӣ ҷиҳати эҳтиёт намудани муҳити зист ба назар намерасад, ки ин бар зарари аҳли башар мебошад.
Татбиқи даҳсолаии нави об барои рушду устувори тамоми кишварҳои сайёра ва умуман ҷаҳон таъсири бузург дорад, аз ҷумла барои Тоҷикистон низ. Барои он ки суханҳоямон бо далелҳои қотеъ собит шаванд, биёед ба даҳсолаи ҳаёти ҷумуҳрӣ назар афканем.
Дар 10 соли оянда нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» пурра ба баҳрабардорӣ супурда мешавад, лоиҳаи «CASA-1000» дар амал татбиқ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа дар минтақа Бозори минтақавии фурӯши барқи “CASAREM” ташкил дода мешаванд. Он лоиҳаҳое, ки марбут ба таъминоти қисматҳои ғарбии Хитой ҳастанд, бо барқ тавассути нерӯгоҳҳои обии барқии Тоҷикистон таъмин мегарданд.
Нақшаҳои кишвар дар ин бора дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қайд гардидааст, Мутобиқи ин ҳуҷҷати перспективӣ дар даҳсола истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз ду маротиба афзоиш меёбад. Табиист, ки мутаносибан содироти барқ низ зиёд гардида, ҷуғрофиёи кишварҳое, ки аз барқи Тоҷикистон истифода мебаранд, тавсиа пайдо мекунад.
Дар ҳуҷҷатҳое, ки моҳи марти соли равон байни кишварҳои Точикистону ӯзбекистон ба имзо расиданд, имкониятҳои истифодаи захираҳои обию барқии минтақа махсусан таъкид гардиданд. Яъне дар ин соҳаҳо ду кишвари дӯсту бародар ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш хоҳанд дод.
Сабабҳои норасоии об дар кишварҳои ҷаҳон пеш аз ҳама ҷойгиршавии нобаробари захираҳои табиӣ, аз ҷумла об мебошанд: дар баъзе кишварҳо об фаровон, вале дар кишварҳои дигар норасоии об ба проблемаи муҳими рӯз табдил ёфтааст. Албатта пешрафти илму техникаи муосир, ҳамкории кишварҳо барои ҳалли ин масъала метавонад кумак расонад. Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 1,2 миллиард одамон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.
Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо захираҳои зиёди обӣ мавҷуданд, то ҳол дар бисёр мавзеҳо ба оби софи нӯшокӣ эҳтиёҷ доранд ва манбаъҳои дохилӣ имконият намедиҳанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин камбудиҳо бартараф карда шаванд. Дар ин замина дар ҷумҳурӣ бисёр лоиҳаҳо бо ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёгии рушд, инчунин кишварҳои кӯмакрасон, аз ҷумла Ҷопон, Олмон, Чин барои таъминоти бо оби мусаффо роҳандозӣ мешаванд. Вале бо вуҷуди ин ҳоло ҳам таъминоти мардум бо оби нӯшокӣ дар сатҳи камтар аз шаст фоиз қарор дорад.
Ташаббусҳои глобалии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтанд ва шахсиятҳои бузург ин нуктаро борҳо зикр намуданд. Чор ташаббуси бузурги Сарвари давлат дар масъалаҳо ҳалли проблемаҳои марбут ба дар рушди устувори кишварҳо мараҳалаи муҳим гардиданд. Талошҳо дар ҷаҳорчӯбаи ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хеле муассир ҳастанд.
Вобаста ба пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.
Зуҳра Турсунова, шуъбаи иттилоот ва нашрия

18.11.2019     1660

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php