Терроризм ва таҳдиди он

Терроризм  ва таҳдиди  он

Дар МТК «Стоматология» аз ҷониби мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Тохтахоҷаева С.Т. ва сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Таибов С.А. барои донишҷӯёни курси 3-юм, гурӯҳи тоҷикии факултаи стоматология дар мавзӯи “Терроризм ва таҳдиди он” ҷаласа гузаронида шуд. Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия доир ба мавзӯи мазкур маърӯза намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки терроризм ба инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ таҳдид мекард. Чунончӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “террорист Ватан, миллат ва дин надорад”.Коршиносон дар заминаи таҳлилҳои худ ба хулоса омадаанд, ки қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд- илова намуд Таибов С.А. дар идомаи маърӯзаи хеш. Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ бо баррасии паҳлуҳои гуногуни терроризм ва хатари он ба кулли инсоният, таъкид намуд: ”Имрўз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад.  Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ тораф васеъ шуда истодааст, фаъолияти онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардондааст. Бо дарки ин масъала тамоми қувваҳои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳид шаванд”. Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Тохтахоҷаева С.Т. дар идомаи ҷаласа, бори дигар ба хатари ҷаҳонии терроризм ва экстремизм таъкид намуда, донишҷӯёнро ба бедории сиёсӣ, дарки мафҳуми ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуд. Донишҷӯён низ дар матраҳ намудани мавзӯи пешниҳодшуда фаъолона иштирок намуда, изҳори назар намуданд.

               Зуҳра Турсунова

                           шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ


17.04.2019     8