Саҳлангорӣ нашояд

Экстримизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияте таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардондани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар, ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумиибашарӣ табдил ёфтааст. Экстримист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори тахрибкорию тундравӣ аст.

Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон -дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Хусусан, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтаанд.

Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаҳои мазкур яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ «аз наздик шинос шуда», характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем.

Ҳамчунин, аз тариқи омӯзиши банизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ, аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар, муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиши таърих ва идеологияи ин созмонҳо муайян намоем, ки кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст. Ҳамчунин, натиҷаҳое, ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст меоянд, барои матраҳ кардани усулҳои сиёсиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кумак мерасонанд.

Мисоли чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Умуман, таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти экстримистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнӯъ мебошад.

Гурӯҳи дигари чунин созмон ва ҳаракату ҳизбҳоро созмонҳое ташкил медиханд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ ва тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд.

   Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд.

Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ, раванди осоиштаи ташаккул ва такамули ниҳодҳои демократии кишварҳои исломиро халалдор сохта, ин кишварҳоро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро омили нахустини буҳронҳо ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаётии сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешаванд. Нигоҳи ифрогароӣ хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ягон мамлакатро эътироф намекунад.

Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабитарини он ба ҳисоб меравад. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳануз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият майл карда, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсондани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд.

   Набудани меъёрҳо ва коидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиходияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳад ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилотҳои овозадори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зидди террористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронанд шудаанд. Онҳо иборат   аз Алқоида, Ҷамоа-ал-исломия (Миср), ЕТА («Ватан ва озодии баёнӣ»), Ҷунбиши мухолифати исломии Ҳаммос, Ҳизби наҳзати исломӣ ва ғайра мебошанд. Дар воқеъ, сернуфузтарин ташкилоти террористии байналхалқии муосир «Ал-Қоида» дониста шудааст.

Террористони гурӯҳи мазкур новобаста аз оне, ки бештар дучори таъқиб ва амалҳои зиддитеррорстӣ мегарданд, тадриҷҳои пурқудрат мешаванд. Ба гурӯҳи мазкур гурӯҳҳои дигари террористӣ ҳамроҳ гашта, онро ба ҳаракати васеи террористӣ табдил додаанд. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттиолоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ- интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгароиву фитнаҷӯ барои таблиғи акидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо тахти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «Масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, ҳурофотпарстиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологияи муассисаҳои миллӣ ва сохтори марбутаи давлатӣ дунявӣ дониста мешавад.» Бинобар ин мо халқи сулҳхоҳу ватанпарвар мебояд, ки дар мубориза бо терроризм ҳаргиз саҳлангорӣ накунем.

Одина Талабов,  дорушинос


25.04.2019     19