Дар замони ҳозира "босмачиҳо" ба "толибон", "ДОЪИШ" ва ғайра шабоҳат доранд

Дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетии Фейсбук аз ҷониби баъзе ашхосони аз таъриху тамаддун бехабар "босмачиҳо"- ро ҷонибдорӣ карда, худро "ман босмачӣ ҳастам" менависанд. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Бо назардошти он, ки маънои "босмачӣ" – ин ҒОРАТГАР аст, ин ашхосони бехабар худро ҒОРАТГАР эълон мекунанд бехабар аз ғаразҳои сиёсии давлатҳои абалқудрат, ки боиси шармандагӣ аст. Чӣ тавре, ки таърих гувоҳ аст, худи ҳаракат ва саркардаҳои "босмачиҳо" манфиати сиёсӣ дошта, ҳукуматхоҳ буданд ва аз номусу виҷдону дин фарсахҳо дур буданд. Молу амволи халқро ғорат мекарданд, бар зидди шахсони босаводу озодихоҳ мубориза бурда, онҳоро ба қатл мерасониданд. Аз ин лиҳоз, "босмачиҳо" на фақат ҒОРАТГАР, инчунин террорист ва экстримист буданд. Саркардагони "босмачиҳо" феодалҳои сарватманд буданд ва намехостанд, ки режими феодалӣ барҳам дода шуда, молу амволи онҳо ба халқи гуруснаю бараҳна тақсим карда шавад, истисмори занҳоро давом диҳанд (аз "гаремҳои" худ маҳрум шаванд). Ин феодалҳои хоинони миллат танҳо барои зиндагии шоҳонаи худ мубориза мебурданд ва намехостанд, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон сохтори демократию шўравӣ ҷорӣ карда шавад. Онҳо намехостанд, ки аҳолӣ босавод шавад, ҳуқуқи марду занҳо баробар шавад, дар идоракунии Давлату Ҳукумат халқ иштирок кунад. Онҳо асосан мардуми бесаводро зери ниқоби дин аз пайи худ мебурданд. Сакардагони "босмачиҳо" хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ буданд. Аксари гумроҳон баъдан фаҳмида, ба тарафи шӯравӣ гузашта авф гардиданд. Имрўзҳо гурўҳҳои алоҳида, аз ҷумла “Гурўрўи 24”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва дигар ҳизбу созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро дар сомонаҳои интернет сиёҳ нишон медиҳанд.

Онҳо аз диндории мардум, аз зудбоварию булҳавасӣ, аз паст будани маъри­фа­ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд. Масалан, онҳо дар паҳнку­нии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвораро истифода карданд. Вақти зиёде нагузашт ва дар кўчаҳо занони сатрпўш, ҷавонони ришдор пайдо шуданд. Ин қабил занону духтарони сатрпўш ва ҷавонони ришдор ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас­та­гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест. Сабаби азнав бардоштани масъалаи "босмачиҳо" дар он аст, ки ниқоб аз руи наҳзатиҳо – ТЭТ ҲНИ гирифта шуда, мақсадҳои ғаразонаи онҳо фош гардида, тамоми аҳолии курраи замин фаҳмид, ки наҳзатиҳо – ТЭТ ҲНИ, ин дастаи экстримистӣ -террористӣ буда, саркардагони он хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофии худ ба мисли худашон хоинони ватану миллатро ҷамъ кардаанд, вале ба мақсади хоинонаи худ нарасиданд. Саркардагони наҳзатиҳо мехоҳанд зери ниқоби "босмачиҳо" ашхоси бесаводу гумроҳро дар атрофии худ гирд оварда, корҳои ифротии худро зери фармонҳои хоҷаҳои хориҷӣ давом диҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсаҳои хоинонаи худ расида наметавонанд.

Бо шиорҳои дар роҳи дин, ҳимояи номус ва монанди инҳо...

Солҳои 90-ум асри гузашта ҳам ба ин монанд буд...

Ин ҷонибдории наҳзатиҳо аз "босмачиҳо" сабабҳои зерин дорад:

1. Қаҳрамон нишон додани босмачиҳо ин қаҳрамон нишон додани наҳзатиҳои ба онҳо монанди ватанфурушу хоинони миллат .

2. Дар сафи наҳзатиҳо авлодони он босмачиҳо зиёданд.

3. Ба худ ҷалб кардани дигар авлодони босмачиҳо.

4. Босмачиҳоро баъзе давлатҳо дастгирӣ мекарданд (Англия, Туркия ва ғайра) ва аз ин давлатҳо ёрӣ хостан. Аз давлатҳои исломӣ интизори ёрӣ будан.

4. Сиёҳ кардани русҳо ва бо ин аз давлатҳои қутби дигар мукофот гирифтан...

5. Ба миллату ватан хизмат накарда, заҳмат накашида, бо роҳи осон хоҷаҳои хориҷии худ маблағ ба даст овардан

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмиллалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад.

Қ.О. Шарифов, Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ


03.04.2019     18