Бетарафии мову ту теша задан ба реша аст

Терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҳуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.

Чӣ тавре, ки таърих гувоҳ аст, худи ҳаракат ва саркардаҳои "босмачиҳо" манфиати сиёсӣ дошт, ҳукуматхоҳ ва аз номусу виҷдону дин фарсахҳо дур буданд. Молу амволи халқро ғорат мекарданд, бар зидди шахсони босаводу озодихоҳ мубориза бурда, онҳоро ба қатл мерасониданд.  Саркардагони "босмачиҳо" феодалҳои сарватманд буданд ва намехостанд, ки режими феодалӣ барҳам дода шуда, молу амволи онҳо ба халқи гуруснаю бараҳна тақсим карда шавад, истисмори занҳоро давом диҳанд (аз "ҳарамҳои" худ маҳрум шаванд). Ин феодалҳо танҳо барои зиндагии шоҳонаи худ мубориза мебурданд ва намехостанд, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон сохтори халқӣ ҷорӣ карда шавад. Онҳо намехостанд, ки аҳолӣ босавод, ҳуқуқи марду занҳо баробар шавад ва дар идоракунии Давлату Ҳукумат халқ иштирок кунад.  Онҳо асосан мардуми бесаводро зери ниқоби дин аз пайи худ мебурданд. Сакардагони "босмачиҳо" хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ буданд. Аксари гумроҳон баъдан фаҳмида, ба тарафи шӯравӣ гузашта авф гардиданд. Имрӯзҳо гурӯҳҳои алоҳида, аз ҷумла “Гурӯҳи 24”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва дигар ҳизбу созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро  дар сомонаҳои интернет  сиёҳ нишон медиҳанд.

Онҳо аз диндории мардум, аз  зудбоварию соддаандешӣ, паст будани маъри­фа­ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд. Масалан, онҳо дар паҳнку­нии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвораро истифода карданд. Зимнан, занону духтарони сиёҳпӯш ва ҷавонони ришдор ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас­та­гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ ва бадном намудани дини мубини ислом чизи дигаре нест.  Саркардагони ин гурӯҳҳо хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофи худ ба мисли худашон хоинони ватану миллатро ҷамъ оварда мехоҳанд зери ниқоби "босмачиҳо" ашхоси бесаводу гумроҳро дар атрофи  худ гирд оварда, корҳои ифротии худро зери фармонҳои  хоҷаҳои хориҷӣ давом диҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсаҳои хоинонаи худ расида наметавонанд. Мақсади эшон бо шиорҳои дар роҳи дин, ҳимояи номус ва ғ. ба миллату Ватан хизмат накарда, заҳмат накашида, бо роҳи осон аз пуштибонҳои худ  маблағ ба даст овардан аст.

Шукргузор аз онем, ки имрӯз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муваззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.  

       Имрӯз ҳар як фарди худогоҳ вазифадор аст,ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд!

  С.А. Таибов, Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия


02.04.2019     28