Ба паҳншавии терроризм роҳ набояд дод

Терроризм, радикализм ва экстремизм имрӯз ба масъалаҳои умумибашарӣ табдил ёфтаанд ва ба амнияти ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Ин зуҳуроти номатлуб баъди воқеаҳои мамолики Шарқи Наздик мамлакатҳои дигарро низ фаро гирифтаанд. Тасодуфӣ нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт терроризмро вабои асри ХХI номида буданд. Дар мамлакати мо аз ҳамон солҳо сар карда, барои муборизаи самарабахш ба муқобили терроризм тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, тибқи дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барномаи махсуси Стратегияи миллии мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020 таҳия карда шуд. Коршиносони масъалаҳои сиёсӣ пешгӯӣ мекунанд, ки баъди барҳам додани ба истилоҳ Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ бисёр гурӯҳҳои террористӣ амалиёти худро дар мамлакатҳои дигар ба роҳ меандозанд. Аз рӯйи маълумоти мавҷуда, баъзе гурӯҳҳои террористӣ аз Сурия ба Афғонистон кӯч бастаанд. Бояд гуфт, ки Ҳукумати Афғонистон тамоми қаламрави мамлакатро таҳти идора ва назорат қарор дода наметавонад. Дар натиҷа ин мамлакати ҷангзада ба бозори бедарвоза табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои террористӣ айни ҳол бештар дар вилоятҳои шимолии Афғонистон маскан гирифта,барои амалиёти ояндаи худ замина тайёр карда истодаанд. Бояд гуфт, ки вилоятҳои шимоли Афғонистон ба бисёр мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Бинобар ин, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба вазъияти ин мамлакатҳо таъсир расонда метавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои самарабахш меандешанд. Сарвари давлат бо назардошти вазъияти ба амаломада, борҳо дар ҷамъомадҳои гуногуни байналхалқию минтақавӣ аз минбарҳои баланд изҳор карда буданд, ки сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамзамон, сарҳади муштараки мамлакатҳои дигари аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад. Ба туфайли ҳамин, мо пеши роҳи қувваҳои бадхоҳро гирифта, вазъияти минтақаро ором нигоҳ дошта метавонем. Бисёр созмонҳои байналхалқӣ тадбирҳои Тоҷикистонро дар мубориза ба муқобили терроризм дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, соли равон дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе Конфронси байналхалқӣ баргузор гардид, ки масъалаҳои муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, экстремизм ва радикализмро дар бар мегирифтанд. Дар он намояндагони воломақоми мамлакатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ширкат доштанд. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистони мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бар зидди зуҳуроти дорои хусусияти террористию экстремистӣ ва радикалӣ фаъолона мубориза мебарад. Гурӯҳҳои террористӣ дини мубини исломро ниқоб сохта, ба воситаи он фаъолияти худро ҳақ бароварданӣ мешаванд, вале ин тавр нест. Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дини ислом дини сулҳпарвар ва ифодакунандаи ғояҳои инсондӯстӣ мебошад. Ва гурӯҳҳои терористӣ маҳз барои бадном кардани дини ислом ташкил карда шудаанд. Бояд гуфт, ки душманони дини ислом гурӯҳҳои терористиро бо маблағ таъмин карда, онҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд. Дар ҳамаи Паёмҳои Сарвари давлатамон дуруст таъкид шудааст, ки террорист на Ватан дорад, на дин ва на миллат. Тасаввур кунед, агар террорист ягон динро мепарастид, бояд медонист, ки ягон дини ҷаҳонӣ, хусусан ислом идеяҳои терористиро ташвиқу тарғиб намекунад ва хусусияти радикалӣ надорад. Дини ислом, баръакс, муъминро бародари муъмин мешуморад. Террористон дини исломро барои ба даст овардани ҳадафҳои нопокашон истифода бурда, онро дидаю дониста бадном месозанд.

С.Т. Ибодов - муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои тиб, профессор.

С.М. Расулов - корманди шӯъбаи сифати таҳсилот ва рушди маҳорати омӯзгор


15.04.2019     10