Забон -калиди дари ганҷи соҳибҳунар

Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаӣмонӣ оқибат надорад суд.

       

Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар ду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон xocu инсон буда, яке аз нишонаҳои acocuu миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тулонии иикишофро аз cap гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна, забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои точикӣ гуфтугу карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад.

Шоирону нависандагон ва дониишандони оламшумул, мисли Рудакӣ, Фирдавсӣ, Абуали Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Аӣнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардонидаанд. Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халки тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.

Дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён забони точикӣ макоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт". Баъди Инкилоб ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави ин- кишофи забони адабии тоҷик огоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Аӣнӣ мисли "Одина ", "Марги судхур ", "Ҷаллодони Бухоро", "Дохунда" ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, боги фарҳангии миллатро зиннат доданд. Минбаъд нависандагону шоирони муосири тоҷик мисли Мирзо Турсунзода, Абулкосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улугзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоик Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароги забони модариро фурӯзон доштанд. Барҳак, шоири тавоно Муъмин Қаноат мегуяд: "Оре, ҳастии ҳар як халку миллат ба забони ӯ марбут аст". Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба муосидат мекунад. Ope:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

 

Эӣ чӣ хуш, ин соли мо - соли забони тоҷикист,

Якҳазору яксаду панҷоҳ соли Рӯдакист.

Дар чунин соли накӯи ҷашнҳои пуршукӯҳ,

Ҳаммарому ҳамдилу ҳамдард будан зиндагист.

 

Аз таърих маълум аст, ки ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳуроти ҳарду ба меҳнат вобастагӣ доранд. Мусаллам аст, ки забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат ба шумор меравад, яъне оинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садов а амсоли инҳо) ифода карда метавонад. Аммо воситаи умдаи фикр забон аст. Оре, ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд. Оре, забони тоҷикӣ ҳастӣ, шиноснома, баёнгари ҳол, сарнавишт, нишон ва бузургии миллати тоҷик мебошад.

Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нагардад бояд чароғи роҳнамои худафрӯзиаш - забонашро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад. Ба қавли шоир:

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

 

Забони модарии худро донистан ифтихори беназири миллат аст. Забони модарӣ асоси инкишофи бузурги фикрӣ ба ганҷинаи ҳама донишҳост, ҳар фаҳмиш аз он оғоз меёбад, бо воситаи он меояд. Забони модарӣ оғози ҳама оғозҳост, асоси маънавиёт, маданияти ҳақиқии ботинӣ, худшиносии иҷтимоиву ахлоқии шахс аст. Забони тоҷикӣ яке аз мӯҷизаҳои эҷодкории маънавии инсон шӯҳрат ёфтааст. Оре, забон рукни асосии миллат буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳар ки ба қадри забон нарасад ба қадри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас намерасад. Бале, забон модар аст. Забон таърих аст, забон маданият аст ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки забон тақдири миллат аст. Қайд кардан зарур аст, ки касе ки забони модарии хешро намедонад шахси маданӣ буда наметавонад.

Агар ба саҳифаҳои заррини таърихи бою тамаддуни фархундаи халқи тоҷик назар афканем, пас маълум мешавад, ки миллати тоҷик аз қадим забони модарии худро дӯст медорад. Бале, бояд қаӣд намуд, ки ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ва ё он мила дарак медиҳад ва он барои ҳар як шахс ҳамчун шиноснома зарур буд ва мемонад. Забони мазкур яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати рӯи олам аст ва он се марҳилаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форси қадим, миёна ва нав. Мусаллам аст, ки миллати тоҷик зиёда аз ҳазор сол аст, ки бо ин забони шеваи тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад ва фарҳанги беҳамтою тамаддуни беназири хешро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт кардааст. Миллати тоҷик бисёр шоирону нависандагони барҷастаи ҷаҳонӣ: Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Саъдӣ, Донишу Айнӣ ва амсоли инҳоро дорад, ки бо ин забони модарии хеш асарҳои худро навиштаанд ва забони миллати тоҷикро бо эҷодиёти рангинкамон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Оре, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Забони тоҷикӣ на танҳо гавҳари ҳастии миллати мо, балки нишонаи барҷастаи фарҳанги бостонӣ ва камолоти он аст. Забони мазкур дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, инчунин ғосибонро маҷбур кард, ки онро забони девону дафтар ва давлатдории худ қабул намоянд.Дар замони Шӯравӣ низ забони тоҷикӣ бо кӯшиши шахсиятҳои фидокори илмиву адабӣ бузургиву асолати хешро нигоҳ дошт ва ба миллати хеш хизмат кард.

Бояд қайд кард, ки ду сол қабл аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳрии Тоҷикистон рӯзи 22-уми июли соли 1989-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» қабул гардид ва аз ҳамон вақт забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эътироф карда шуд. Баъди оне ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард моро бори дигар водор кард, ки тамоми нозукиҳои забонамонро донем ва ҳидоятгари забони модарии хеш бошем. Хушбахтона, баъд аз барпокунии давлати навини соҳибистиқлол дар Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Ва боиси сарфарозист,ки ҳар сол дар Ватани азизамон рӯзи 5-уми октябр ҳамчун рӯзи иди забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолият ба забон робитаи бевосита дорад. Инкишофи рушди забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро натанҳо бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оини таърих ва давлатдории мо мебошад. Ба қавли шоир Абдусаттори Раҳмон:

Забон будӣ, ки аз худ гум нагаштем,

Ва аз миллат шудан маҳрум нагаштем.

 

 

С.Т.Ибодов- доктори илмҳои тиб, профессор

С.М.Расулов- номзади илмҳои филологӣ, дотсент


10.04.2019     19