Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст!

Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст!

Дар дунёи имрӯза, ки то ҳол тақсимоти минтақаҳо байни давлатҳои абарқудрат ба итмом нарасидааст ва ҳар лаҳза давлатҳои хурди дунёро хатаре таҳдид менамояд, ба мардуми Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, дар қалби эшон зиракии сиёсӣ, эҳсоси миллӣ, ҳисси ватандорӣ ва ватандӯстиро бедор намоем.

Кишвари азизи мо истиқлолияти худро 9-сентябри соли 1991 ба даст овардааст ва яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Он заминаи бузургест барои амалӣ намудани ормонҳои чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон. Бесарусомонии мардумони Сурия, Ироқ, Курд, Лубнон ва Афғонистон нишонаи ибратест барои ҷаҳониён.

Ҷанги Афғонистон, ки қариб таърихи нимасра дорад чаро ба анҷом намерасад ва ҷавоби ин савол дар гуфтаҳои шоири ин миллат Халилулоҳи Халилӣ хуб дарҷ ёфтааст, ки гуфтааст:

То меҳани мо пойгаҳи мири шикор аст,

Дар кишвари мо куштани гулғунча баҳор аст,

Ҳар беша мазор аст мазори дили зор аст,

Гуед ба наврӯз ки имсол наояд,

Гуед ба наврӯз ки имсол наояд.

Бар кишвари мотамзадагон раҳ накушояд.

Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд,

Мотамзадагонро чи баҳору чи зимистон,

Хунинҷигаронро чи биёбон чи гулистон.

Дар кишвари мотамзада ин хонаи вайрон,

Кас нест занад буса ба рухсори ятимон

Кас нест ки дузад ба тани мурда кафан вой

Э вой ватан вой ватан вой ватан вой!

Таърихи зиёда аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллист, ба маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллист,ки тавассуташ кишвари азизамон тавонист худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодири сулҳофар муаррифӣ намояд. Миллати озодихоҳу озодипарасти мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист он ҳама мушкилоти мавҷударо пушти сар намуда, худро аз хатари нобудӣ раҳоӣ бахшад ва ба Истиқлолияти комил ноил гардад. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои ин марди худшинос сулҳи тоҷикон ба даст омад ва дар он давраи нооромиҳо, давраи ноумедӣ ба халқи тоҷик умеду боварӣ бахшид, халқи тоҷикро бовар кунонид, ки онҳоро фардои дурахшон интизор аст.

Ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои пурхурӯҷ ва даргири олам меомӯзанд. Сарпарасти сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада, таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугӯ эълом доштаанд.

Бо такя ба ин заҳамоти Ҳукумати кишвар, таъкид намудан лозим аст, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

                                                                        

    С.Таибов, 

                                               сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия


12.03.2019     30