Тоҷикистон имкониятҳои зиёди сайёҳиро дорост

Тоҷикистон имкониятҳои зиёди сайёҳиро дорост

Чӣ тавре ки маълум аст, 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байнанмиллалӣ, инчунин,ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳии соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити муосиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои беҳтарин муҳайё кардааст. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиӣ, вобаста ба содда кардан ва ҷорӣ намудани тартиби нави раводиди туристӣ барои сайёҳони хориҷӣ имкониятхои нави инкишофи соҳаро ба миён меоранд. Гуфта мешавад, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаи ахбори омма метавонад аз рамзи « Соли рушти сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд. Бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 %-и аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ба андешаи Сарвари давлат, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки давоми се сол барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур бояд сидқан фаъолият намоянд. Дар айни замон туризмро хамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ намуда, ҳар як фарди тоҷик, бо мақсади саҳм гузоштан дар пешрафти иқтисодии кишвари азизамон бояд аз сидқи дил кӯшишу ғайрат намояд. Ба ин воста мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кишвари азизамон бо зебоиҳои табиӣ ва имкониятҳои фаровони сайёҳиаш худ ҳарчи бештар диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намояд.

С. М. Хоҷаева, Г. С.Ҷумаева,

омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ



15.05.2019     7