Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – соли дастовардҳои тоза

        Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид аст. Зеро,табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда,   эълон гардидани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгўи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо  ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

         Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

     Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имруз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо аз руи усули анъанавии миллии "устод-шогирд" шогирдон тарбия меёбанд.

        Дар замони муосир ба хотири эҳёи ҳунарҳои халқӣ мактабҳо, сехҳо, коргоҳҳои ҳунармандон ташкил мешаванд. Ин марказҳои ҳунармандӣ тахти роҳнамоии устоҳои машҳуру боистеъдод фаъолият мебаранд.

        Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромуш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.

        Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халқӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.

       Дар ин самт то ҳол масъалаву муаммоҳое ҳастанд, ки аҳамияти махсусро тақозо доранд. Татбиқи дастовардҳои илмию амалӣ, идомаи анъанаҳои миллӣ, назардошти урфу одатҳо, омузиши таъсири равияҳои гуногуни санъат ба тарзи ороиши маснуот, вазъи тарбияи меҳнатӣ ва ҳунаромузии донишҷуёни муассисаҳои таълимии олии кишвар беҳбудиро мехоҳад.

       Инкишофи ҳисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносонӣ, ба монанди китобу дастхатҳои нодир ва мусаввараҳо, ки дар онҳо фарҳанг, ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рузгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ метавон кард. Ҷомеаи давраҳои гуногун равияҳои хосро дар соҳаҳои мухталифи санъату ҳунар ба мерос гузошт, ки дар ҳар яке тарзи зиндагии мардум таҷассум ёфтааст. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар вақти ҳукмронии ягон ҷараён таъсири он дар ороиши ашё, намунаҳои ҳунари меъморӣ, сару либос, ҷиҳози манзил амри воқеист.

      Дар замони мо як катор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компутерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки ҷавонон аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархурдор мегарданд, аммо фаромуш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, ҷавонон бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.

Зуҳра Турсунова, шуъбаи иттилоот ва нашрия


04.04.2019     25