Рушди маориф-бахше аз худшиносист

Рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Дар сиёсати имрӯзаи иҷтимоии Роҳбари давлат соҳаи маориф дар мадди аввал истодааст. Бояд гуфт, ки ҳамаи он иқдомҳое, ки дар кишвари мо ба хотири таҷдид ва рушди соҳаи маориф бо ибтикорот, дастурҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда шудаанд, аз ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа сарчашма мегиранд. Ҳадафи ин иқдомоти маорифпарварона тарбияти ҷомеаи огоҳу бедор ва фозилу донишманд, насли худогоҳу хештаншинос, инсони муосир, бофарҳанг ва мусаллаҳ бо донишҳои имрӯза мебошад.

Ба шарофати сиёсати маорифпарварона ва маънавиятасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 28 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти мактабу маориф ва низоми таълиму тарбият дар кишвар бобарор амалӣ карда мешавад. Дар Консепсияи эъмори ҷомеаи муосири тоҷикон, ки асосгузору раҳнамои он Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, аз оғоз то имрӯз масъалаи маориф ва таҷдиди низоми омӯзишу парвариш, масъалаи тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва муаллим ба ҳайси омили муҳиме, ки заминаҳои пешрафти соҳаҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ ва умуман давлату миллатро таъмин месозад, аз аҳмияти хосе бархӯрдор аст. Сарвари давлат махсус таъкид карда буданд: «Бояд дар назар дошт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳмияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангӣ дорад. Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯзӣ яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти давлатию миллӣ ва умуман ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад». Ин аст ки дар барномаҳои стратегии рушди мамлакат ислоҳоту пешрафти соҳаи маориф, аз кӯдакистонҳо то ба мактабу ҳунаристон ва донишгоҳҳои олӣ дар ҳамаи самтҳои он мақоми махсус касб менамояд. Агар дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 70-ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард ва 7-муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дошт. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 38 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуда, зиёда аз 300 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд. Зиёда аз 30000 нафар ҷавонон берун аз кишварамон таҳсил карда касбу ҳунар омухта истодаанд.

Албатта дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дасовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва ҳукумати он баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии шоистаи мардум солҳои соҳибистиқлолӣ ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги миллӣ, техника ва технология нав, омухтани забонҳои гуногун диққати ҷиддӣ медиҳад.

Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин, аз қабили болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Воқеан, “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

Масъулияти таълиму тарбияти ин гуна инсон бар дӯши муаллимон, устодони донишгоҳҳо ва ҳамаи кормандони соҳаи маориф мебошад.


Шукуров Қ. Б. мутахассиси шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


25.02.2019     52