Роғун кохи нур ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст

Роғун кохи нур ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст

16-уми ноябри соли 2018 чун як авроқи пурҷило дар саҳфаи таърихи кишвар маҳфуз гардид. Дар ин рӯзи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тантана тугмаи агрегати  аввали НБО-Роғунро пахш намуда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин як иқдоми ҷиддӣ буд дар ҷодаи саноати кишвар. Акнун Тоҷикистони тозаистиқлол дар минтақа яке аз давлатҳои асосии тавлидкунандаи қувваи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар маҳсуб мешавад. Ба кор даромадани чархаи аввал нишони он буд, ки мо метавонем дастаҷамъона корҳои аз ин ҳам бузургро ба сомон расонем. Таърих ба ин гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз аввал созандаю бунёдкор буду ба ҳама мардуми олам нигоҳи хайрхоҳона дошт.

Ба кор даровардани чархаи аввал на танҳо ба хонадони мардуми тоҷик нуру равшанӣ мебахшад, балки ин рушноӣ хонадони мардумони ҳамсоякишварҳоро низ равшан намуда, ба ҳазорон оилаҳо нуру рушноӣ мебахшад. Ҳамин буд, ки дар ин руйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои Руссия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Таваҷҷуҳи кулли мардуми кишвар низ ба ин сохтмони азим хеле зиёд буд. Ин буд ки соли 2010 дар асоси муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нафар сокинон бо руҳияи ватандӯстию ободкорӣ ба роҳпаймоӣ баромада, бо харидорӣ намудани саҳмияҳо ҳиссаи хешро дар бунёди ин кохи нур гузоштанд. Дар маросими ба кор даровардани чархаи аввали ин неругоҳ, Пешвои муаззами миллат бо арзи миннатдорӣ ба ин иқдоми мардум, таъкид намуданд: “Дар ин лаҳзаи фараҳбахш ба ҳамаи онҳое, ки даъвати моро пазируфта саҳмияҳои неругоҳро харидорӣ карданд ва барои оғози корҳои сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштаанд,  миннатдории самимӣ баён мекунем”.

Қобили зикр аст, ки раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин агрегати бузург мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар аст.  29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди НБО-и Роғун ҳусни оғоз бахшиданд. Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и Роғун яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.

Сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Бояд қайд кард, ки пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасогии неруи барқ гардид. Айни замон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта мушкилоти энергетикӣ дар Ватанамон ҳалли худро ёфтааст, ки ин ҳам бошад бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. Сохтмони иншооти бузурги аҳамияти стратегӣ – НБО-и Роғун дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши муҳим мебозад.

НБО-и Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО-и Роғун аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадомашон 600 мегаватро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин аз сатҳи замин (гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ба иқтидори 3600 мегават (беш аз 17 миллиард киловатт соат)-ро доро буда, калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО-и Норак якуним маротиба зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш аст. НБО-и Роғун аҳамияти бузург дошта, иқтидори солонаи он беш аз 18 миллион киловат соат неруи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 агрегати НБО-и Роғун Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои ҳамсояро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд.

Инчунин аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташхиси бозрасии фанниву зистмуҳитии НБО-и Роғун гузаронида шуд ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки аз лиҳози экологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва бехатарӣ бунёди НБО-и Роғун мувофиқи мақсад аст ва ба стандартҳои байналмиллаӣ мувофиқат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин ба як қисмати ғарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии неруи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона 1,5 миллиард соат ба кишварҳои хориҷ неруи барқ содир менамояд. Таъмини аҳолии кишвар бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, соли 2015 маҳдудияти неруи барқ аз байн бардошта шуд. Инчунин, дар стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани неруи барқ сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Ин омор дар қиёс бо соли 2015 се маротиба зиёд мебошад.

   


 Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия


26.02.2019     48