Омодагӣ барои ҷашни 80-солагии донишгоҳ дар МТК «Стоматология»

Омодагӣ барои ҷашни 80-солагии донишгоҳ дар МТК «Стоматология»

Бояд қайд кард, ки тибби мардуми тоҷик дорои таърихи бой буда, сарчашмаҳои пайдоиши он ба давраҳои қадим бармегардад. Ганҷинаи улуми тибби ҷаҳонро осори бузургмардон - табибони давраи қадим ва беш аз ҳама, Абӯалӣ ибни Сино (асрҳои 10- 11) ғанӣ гардонидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо наслҳои табибон ва олимони ҷаҳон дониши тиббӣ ва ҳунариро ба даст оварданд. Бояд ин воқеияти муҳимро зикр кард, ки тамаддунҳои Шарқи қадимро мероси бебаҳои инсон ғанӣ гардонидаанд, ки бе он таҳаввулоти минбаъдаи таърихи дунё, фарҳанг, илм ва тибро тасаввур кардан душвор аст.

Инак, давоми 80 сол аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чун бонуфузтарин таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурӣ барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассисон тайёр карда, базаи асосии илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Аз моҳи феврали соли 2016, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, доктори илмҳои тиб, профессор ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин гардид, ки дар пешрафти кори донишгоҳ такони ҷидӣ бахшид. Айни замон омодагӣ барои ҷашн гирифтани 80-солагии донишгоҳ дар тамоми сохторҳо идома дорад.

Ташкили МТК «Стоматология» яке аз саҳифаҳои дурахшон дар таърихи  донишгоҳ ба шумор рафта, дар  ташаккул ва инкишофи илми тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва саломатии аҳолӣ мавқеи хоса дорад. Дастовардҳои системаи тандурустии ҷумҳурӣ бо фаъолияти донишкада алоқаманданд, аз ҷумла бо МТК «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки  узви ҷудонашавандаи донишгоҳ ба шумор меравад.

Талоши пайваста ва иродаи устувори роҳбарияти донишгоҳ ва марказ мусоидат намуд, ки дар МТК «Стоматология» дар муддати кӯтоҳтарин раванди таҳсил дар самти дуруст ба роҳ монда шуда, дар ободонии марказ ва гирду атрофи он саҳмгузор бошанд.

Ҳайати  кормандони марказ ба роҳбарияти донишгоҳ барои дастгирияшон дар ободии марказ  миннатдории хешро баён менамоянд.

 С. А. Таибов  Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳ 


12.04.2019     23