ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ПОЯИ МИЛЛАТ
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии донишҷӯён, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, ифтихор аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар кафедраи забони тоҷикӣ нақша-чорабиниҳои махсус таҳия карда шуда, мунтазам бо донишҷӯён ҳам дар дарсҳои тарбиявӣ ва ҳам берун аз он чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ карда мешаванд.
Таърихи рӯзи 5-октябри соли 2020 дар кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии ҶТ чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар оғоз саркуратори кафедра Шодиматова М.К. доир ба рушди забони давлатӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарчашмаҳои ғановати забони тоҷикӣ дар ин давра сухан ронд. Сипас устодони кафедра Саидова Б.М., Суфиева Г.А. ва номзади илмҳои филологӣ Калонова М.Ҷ. доир ба таърихи дирӯз ва имрӯзи забони тоҷикӣ, саҳми олимону арбобони барҷастаи илм, аз ҷумла, Садриддин Айнӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Шарофиддин Рустамов, Турақул Зеҳнӣ, Муҳаммадҷон Шукуров, Баҳриддин Камолиддинов ва дигарон дар роҳи пойдории забони тоҷикӣ ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ дар ин ҷода ибрози андеша намуданд. Махсусан устодон дар суханрониҳояшон аз хусуси талошҳои устод Садриддин Айнӣ барои тоза нигоҳ доштани забони адабии тоҷик, таҳқиқотҳои забоншиносони маъруфи тоҷик М.Шукуров ва Б. Камолиддинов дар самти риояи меъёрҳои забони адабӣ ва нуқсонҳои тарҷума ибрози андеша намуда, ҳамагонро барои эҳтироми забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба он, поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ даъват намуданд. Дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур донишҷӯён низ бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карданд, аз ҷумла, Бахтинисои Абӯнаср - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ дар мавзӯи « Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ», Юлдошева Нилуфар –донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ дар мавзӯи «Забони модариям - ифтихорам», Исломзода Сорбон – донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ-профилактикӣ дар мавзӯи «Аз таърихи забони тоҷикии форсӣ» сухан ронданд. Пас аз он қироати шеър сурат гирифт. Донишҷӯёни курси якум Носирзода Бахтинисо. Дилмуродзода Анора, Шарифов Асадулло, Ҳафизова Умеда, Фотимаи Саидаҳмад, Шомаҳмадова Ёсуман, Шарифов Манучеҳр ва чанде дигарон бо ҳисси баланди ифтихор аз забону миллат дар васфи забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ бори дигар таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар замони мо рӯз то рӯз инкишоф ёфта истодааст ва пояндагии ин забони шево ба мо, соҳибзабонон вобаста аст, аз ҳамин сабаб эҳтироми забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба он вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дар рӯҳи ватандӯстию ватанпарастӣ, донишомӯзӣ тарбия намудани ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Шодиматова М.К. – кафедраи забони тоҷикӣ
06.10.2020
352