Намоиши китобҳо
Чанде пеш дар Китобхонаи миллӣ намоиши китобҳои бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони муассисаҳои гуногун – кормандони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва дӯстдорони китоб иштирок карданд. Аз ҷумла, асарҳои намояндагони адабиёти классикии тоҷик - «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Девони ашъор»-и Носири Хусрав, «Гаршоспнома» - и Асадии Тусӣ, «Девони ғазалиёт» - и Камоли Хуҷандӣ, асарҳои намояндагони адабиёти муосир – «Одина» - и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор» - и Саттор Турсун, «Сояи нур»-и Муҳаммад Ғоиб, «Дар чодари сафеди моҳтобӣ» - и Гулназар, китобҳои зиёди публитсистӣ ва бачагона ба намоиш гузошта шуданд. Дӯстдорони китоб имкон доштанд асарҳои дилхоҳашонро мувофиқи шавқу завқи худ дастрас намоянд. Инчунин иштирокчиён метавонистанд баъзе китобҳоро бо соядасти худи муаллифон дастрас намоянд. Дар намоиши мазкур муаллимони кафедраҳои гуногун ва кормандони Китобхонаи илмии донишгоҳ низ иштирок карданд. Китобхонаҳо маркази илму фарҳанг, манбаи дониш, воситаи тарбияи ҷавонон ҳисоб меёбанд. Ин нуктаҳо дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид гардиданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Бешубҳа, баргузории чунин чорабиниҳо, тарғиби китобхонӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мусоидат намуда, махсусан ба тарбияи насли наврас таъсиргузор аст ва бо ҳамин восита мо метавонем ҷавононро, ки неруи созандаи ҷомеа мебошанд, дар рӯҳи худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ахлоқи баланди маънавӣ тарбия намоем.
М. К. Шодиматова – кафедраи забони тоҷикӣ
18.01.2020
417