Фаъолияти таълимӣ

Забони русӣ воситаи муҳимтарини муоширати илмӣ ва тиббии касбӣ ҳисоб ёфта, ҳамчун фанни ҳатмии таълимӣ дар курсҳои якум ва дуюми ҳамаи факултетҳо, донишҷӯёни хориҷии курсҳои яку ду ва донишҷӯёни хориҷии (бакалаврҳо) Донишгоҳи тиббӣ таълим дода мешавад.

Мақсади ин курс такмили нутқи русии донишҷӯен дар соҳаҳои гуногуни муошират (иҷтимоӣ,ҷамъиятӣ, касбӣ-таълимӣ, илмӣ) мебошад.

Вазифаи асосии мутахассисони баландихтисос ҷараёни коммуникативию амалии курси таълимиро муайян менамояд, ки ин ташаккул ва инкишофи малакаҳои нутқи шифоҳию хаттӣ, хондан ва навиштани матнҳо (малакаҳои дарки маълумот, конспектнависӣ, навиштани реферат аз рӯи ихтисос бо забони русӣ, таҳияи маълумоту маърӯзаҳои илмӣ, иштирок дар мубоҳисаҳо, таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ: ариза, тарҷумаи ҳол, забонхат, ваколатнома ва ғайра) -ро фаро мегирад.

Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълими забони русӣ, такмили доимии ҷараёни таълим ва истифодаи дастовардҳои муосири таълим аз вазифаи аввалиндараҷаи кафедра ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти таълимӣ - методӣ: Бо мақсади таъмини раванди таълими забони русӣ  чунин дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии устодони кафедра бомуваффақият истифода мешаванд.

1. Китоби дарсӣ аз забони русӣ барои машғулиятҳои амалӣ  (барои донишҷӯёни курси 1). Тартибдиҳанда: У.Р. Юлдошев. – Душанбе – 2017 (аз нав кор карда ва ислоҳ карда шудааст)

2. Китоби дарсӣ аз забони русӣ барои мукаммалгардонии  нутқӣ касбӣ барои донишҷӯёни курси 2. Тартибдиҳандагон: Юлдошев У.Р., Должикова В.А., Хайрова Ҳ.И. – Душанбе, 2017 (аз нав кор карда ва ислоҳ карда шудааст)

3.  Китоби дарсӣ аз забони русӣ барои машғулиятҳои амалӣ  (барои донишҷӯёни  хориҷии донишгоҳи тиббӣ. Тартибдиҳандагон: У. Р. Юлдошев,  Ҳ.И. Хайрова, М.Р. Назарова, З.А. Муҳаммадиева.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки солҳои охир  нақш ва мақоми забони русӣ дар системаи таълимӣ хеле баланд гардид. Фармони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2003 «Оиди мукаммалгардонии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ин хусус шаҳодат медиҳад. Барои иҷрои  қарори мазкур аз тарафи кормандони кафедраи забони русӣ дар давоми  солҳои 2006  ва  2017  36 барномаҳои корӣ ва намунавӣ ва  силлабусҳо, 10 китоби дарсӣ, зиёда аз 95 мақола ва 14 фишурда таҳия ва чоп гардидаанд. 

Мақсади асосии таълими забони русӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ аз таъмини  иштироки онҳо дар раванди таълим иборат буда,  якчанд давраро дар бар мегирад:  давраи асосӣ, такмилдиҳӣ,  инчунин давраи хотимавӣ (курсҳои 1, 2 ва курси 1 (бакалавр). Вазифаи асосии таълими забони русӣ ба донишҷӯён дар ҳамаи давраҳо аз омӯзиши малакаҳои амалии нутқи хаттӣ ва шифоҳии касбӣ  иборат аст. Бинобар ин талаботи асосии  таълими забони русӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ  ин дарки  бошууронаи маводҳои таълимӣ  ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти чунин мақсад аз тарафи кормандони кафедра  барои донишҷӯёни хориҷӣ «Барномаи забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷии курсҳои 1.2 ва 3-юми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»  (дараҷаи олӣ ) таҳия карда шуд:У.Р. Юлдошев, М.Р.Назарова, Х.И. Хайрова,С.А. Хотамова – Душан6е; 2013. 40 с.

Соли таҳсили 2015-2016  дар донишгоҳ  донишҷӯёни хориҷӣ -  бакалаврҳо бо таҳсил фаро гирифта шуданд.Ба ин муносибат устодони   кафедра «Барномаи забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ-бакалаврҳои ДДТТ ба номӣ Абӯлӣ ибни Сино»-ро таҳия намуданд. Мураттибон: У.Р. Юлдошев, М.Р.Назарова, Х.И. Хайрова,С.А. Хотамова – Душан6е; 2015. – 25 саҳ.

Бинобар ба системаи кредитии таълим гузаштани донишгоҳ  соли таҳсили 2016-2017 устодони кафедра барномаҳои зерини таълимиро таҳия намуданд:      1.Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ  барои донишҷӯёни курсҳои  1 ва 2 факультети тиббӣ. \ Тартибдиҳандагон У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. –31 саҳ. 2. Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ  барои донишҷӯёни курсҳои  1 ва 2 факультети педиатрӣ. \ Тартибдиҳандагон: У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. –33 саҳ.   3. Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ  барои донишҷӯёни курсҳои  1 ва 2 факультети стоматологӣ. \ Тартибдиҳандагон: У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. –34 саҳ. 4. Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ  барои донишҷӯёни курсҳои  1 ва 2 факультети фарматсевтӣ. \ Тартибдиҳандагон: У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. 5. Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ  барои донишҷӯёни курсҳои  1 ва 2 факультети нигаҳдории саломатии ҷамъиятӣ. \ Тартибдиҳандагон: У.Р. Юлдошев, В.А.Должикова, Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. –33 саҳ.

Инчунин барои таълими системаи кредитӣ дар соли таҳсили 2016-2017 бо супориши шуъбаи таълими донишгоҳ устодони кафедра чунин барномаҳои таълимиро таҳия намуданд:   1. Барнома  (Syllabus) аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1,2 факультети тиббӣ/ Мураттибон: У.Р. Юлдошев,  Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. – 100 саҳ.

2. Барнома  (Syllabus) аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1,2 факультети педиатрӣ/ Мураттибон: У.Р. Юлдошев,  Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. – 102 саҳ. 3. Барнома  (Syllabus) аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1,2 факультети стоматологӣ/ Мураттибон: У.Р. Юлдошев,  Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. – 106 саҳ. 4. Барнома  (Syllabus) аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1,2 факультети фармацевтӣ/ Мураттибон: У.Р. Юлдошев,  Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. – 104 саҳ. 5. Барнома  (Syllabus) аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1,2 факультети нигаҳдории саломатии ҷамъиятӣ./ Мураттибон: У.Р. Юлдошев,  Ҳ.И. Хайрова – Душанбе, ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино; 2016. – 104 саҳ.

Соли таҳсили 2016-2017 бо сабаби таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара аз тарафи устодони кафедраи забони русӣ барномаҳои зерини таълимӣ таҳия шуданд: «Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ  барои донишҷӯёни курсҳои  1 ва 2 факультетҳои тиббӣ, стоматологӣ ва фармацевтӣ. \ Тартибдиҳандагон: У.Р. Юлдошев, Ҳ.И. Хайрова, В.А.Должикова,– Душанбе, 2016. 40 саҳ.

Тамоми синфхонаҳои кафедраи забони русӣ бо дастурҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ, таблитсаҳо, овезаҳо. реферату албомҳои таҳиянамудаи донишҷӯён,баннерҳои ҷашнӣ ва таълимию методӣ таъмин мебошанд.

Соли 2017 барои донишҷӯёни ҳориҷӣ «Барномаи намунавӣ аз забони русӣ» таҳия карда шуд. \ Тартибдиҳандагон: У.Р. Юлдошев, М.Р.Назарова, Ҳ.И. Хайрова, С.А. Ҳотамова – Душанбе, 2017.

Количество показов: 2



Гузариш ба саҳифаи: