Дастовардҳои кафедра

Мукофотҳои кормандони кафедра

Хизматҳои кормандони кафедра бо мукофотҳои гуногун қадр карда шудааст.Аз ҷумла, профессор У.Р.Юлдошев бо Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста » сарфароз гардонида,муаллимаи калони кафедра В.А.Должикова бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ»,Ифтихорномаҳои ВМИ ҶТ ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ мукофотонида шуда, соли 2010   соҳиби унвони «Муаллими сол» гардид.

Дастовардҳои сохтор: Бо супориши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи кормандони кафедра се барнома тартиб дода шуд: «Барнома аз забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ» (барои таълими курси 1-моҳа.3-моҳа ва 6-моҳа). Ғайр аз ин бо супориши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи кормандони кафедра профессор У.Р. Юлдошев ва муаллимаи калон Хайрова Х.И. ду Стандарт аз фанни забони русӣ: «Стандарти фанни забони русӣ барои синфи 8-и мактабҳои тоҷикӣ» «Стандарти фанни забони русӣ барои синфи 9-и мактабҳои тоҷикӣ» таҳия намуда, ба чоп супорида шуд.

Инчунин устодони кафедра дар таҳия ва ба нашр омода сохтани китобҳои «Таърихи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (бахшидаба 75-солагии Донишгоҳи тиббӣ ) ва «Андарзҳо дар бораи тиб ва табиб» саҳми зиёд гузоштанд.

Дар асоси супориши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи мудири кафедраи забони русӣ,профессор У.Р.Юлдошев дар ҳамкорӣ бо профессорони факултети филологияи руси ДМТ Нағзибекова М.Б., Ҳоҷиматова Г.М. ва Мухаметова Г.Б. «Барномаи таълимӣ аз фанни забони русӣ » (барои донишҷӯёни донишгоҳҳои ғайрифилологӣ) Душанбе,2016 тартиб дода шуд, ки бо Қарори коллегияи ВМИ ҶТ аз 30.07.2016 таҳти № 11/14 барои донишгоҳҳои ғайрифилологии ҶТ таҳия карда шуд.

Ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмиллал: Кормандони кафедра бо тамоми кафедраҳои забони русии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Аз ҷумла, бо кафедраи забони русии ДМТ, ДСТР, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи забонҳо ба номи С.Улуғзода ҳамкории зич доранд.

Барои баланд бардоштани иҳтиссос ва тайёр намудани муттаҳассисонӣ соҳа бо Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Устодони кафедра фаъолияти худро дар асоси таҷрибаи пешқадами педагогӣ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ дар донишгоҳ саъю кӯшиш менамоянд.

Количество показов: 2



Гузариш ба саҳифаи: