Нақши модар дар адабиёти тоҷик ва рус
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Лоиқ Шералӣ.
Дар кафедраи забонҳои хориҷии МДТ «Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯали ибни Сино» дар муддати як ҳафта силсилаи конференсияҳои хурд бахшида ба иди модарон дар мавзӯи «Нақши модар дар адабиёти тоҷик ва рус» доир гардид. Дар онҳо донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад карда, оид ба нақши модароне, ки дар таърихи адабиёти рус ва тоҷик машҳуранд нақл карданд.
Модари асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон Марям Шарифова барои аҳолии Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони дунё яке аз занҳои барӯмандтарин мебошад.
Нақши модар ҳамчун рамзи садоқати бепоён, меҳру муҳаббати беканор тамоми адабиёти тоҷикро аз эҷодиёти даҳонии ҳалк то адабиёти муосир саросар фаро гирифтааст. Намунаи ин адабиёт эҷодиёти шоири халқии Тоҷикистон, каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, шоирон Лоиқ Шералӣ, Эраҷ Мирзо ва дигарон шуда метавонад. Дар адабиёти рус низ нақши модар ҷои махсус дорад. Эҷодиёти шоирони рус Н.А.Некрасов, С.Есенин ва дигарон шоҳиди ин суханон мебошад.
Чи тавре, ки шоири хиратманди Доғистон Расул Ғамзатов гуфтааст: «Мо бояд ба модарон саҷда кунем. На барои он, ки дуогӯи моянд – бо амри дил». Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва азизтарин шаҳсияти башар аст.
Шояд хамин бошад ки донишҷӯёни мо назди хидмати модар сари таъзим фуруд оварда, қироати беҳтарин маърӯзаҳо ва шеърҳо, замзамаи беҳтарин сурудҳоро ба модар бахшиданд. Мехостем гуруҳҳои алоҳидаи донишҷӯёнро қайд кунем, ки бо ғайрати дучанд ба ин базм омодагӣ диданд: гуруҳи 25-уми факултети тиббӣ (устод Лисих О.А.), гуруҳи 14-уми факултети тиббӣ (устод Алиева Н.А.), гуруҳи 5-уми факултети педиатрӣ (устод Ҳотамова С.А.).
Маводро устодони кафедра Султонова Д.Х. ва Ҳотамова С.А. таҳия намуданд.
13.03.2020
480