Аҳамияти ахлоқию маънавии мероси Ҷалолиддини Румӣ

Аҳамияти ахлоқию маънавии мероси  Ҷалолиддини Румӣ

Дар доираи нақшаи фаъолияти корҳои тарбиявӣ ва бахшида ба чашнгирии рӯзи Ҷаллолидини Румӣ (30 сентябр) дар кафедраи забонҳои хориҷии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз 28 сентябр то 1 октябри соли 2020 рӯзҳои конференсияҳои донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши осори мутафаккири бузург – Ҷалолиддин Балхӣ дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ташаккули табиби муосир» доир гардид.

Яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти классикии тоҷику форс Ҷалолиддин Румӣ мебошад, ки аз замони зиндагии худ ва то ба имрӯз бо осори баландмазмунаш дили ҷаҳониёнро тасхир намудааст.

Имрӯз низ осори рангини Ҷалолиддин Балхӣ аҳамияти худро гум накардааст, зеро асарҳои ӯ мазмуни амиқи илмию фалсафӣ доранд, ки барои тарбияи инсони дорои ахлоқи олӣ мусоидат менамояд ва аз тамаддуни қадим арзишҳои ахлоқӣ ва хиради баланд сарчашма гирифтааст.

Дар чорабинии мазкур тамоми донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 донишгоҳ бо маърӯзаҳо ва қироати шеърҳо аз осори ин шоири намоён баромад карданд. Дар ҷараёни конференсия донишҷӯён дар асоси арзишҳои ахлоқии гузаштагон ва ҷомеаи имрӯза баҳсхо барпо намуданд.

Пеш аз оѓози конференсияҳо мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, д.и.п., профессор У.Р. Юлдошев суханронӣ намуд.

Дар машѓулиятҳои забони русӣ тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён мавқеи муҳимро ишѓол менамояд. Мақсади асосии доир намудани конференсияҳои мазкур низ аз ҳамин иборат буд. Дар ҳар як бахш 5-6 маърӯза шунида шуд. Маърӯзаҳо пурмуҳтаво буда, барои баланд бардоштани ҷаҳони маънавии донишҷӯён ва маълумоти бештаре пайдо намудан доир ба ҳаёт ва фаъолияти намояндаи адабиёти классикии тоҷику форс - Ҷалолиддини Балхӣ мусоидат менамоянд.

Баргузории чунин чорабиниҳои пурарзиш дар кафедраи забонҳои хориҷӣ анъана шудааст. Устодон барои дар сатҳи баланд гузаронидани конфронс, таҳияи маърӯзаҳои донишҷӯён саъю кӯшиши зиёде намуданд. Дар ҷараёни кори конференсия на танҳо маърӯзаҳо доир гардид, балки аз осори ин шоири бузург қироати шеърҳо, андарзҳо аз хусуси аҳамияти сухан, илмомӯзӣ, росткорӣ, ҷавонмардӣ ва ѓайра садо дод.

Аз замони зиндагии мутафаккири бузург – Ҷалолиддини Балхӣ муддати зиёде гузашта бошад ҳам, осори бою рангини ӯ то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва барои тамоми ҷаҳониен нотакрор ва пурарзиш боқӣ мондааст 

М.К. Шодиматова, О.А.Лысых, С.А.Хотамова С.А.,Султонова, Р. Р.Рачабов

 омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ МДТ «ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино

02.10.2020     250

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php