Таърихи кафедра


Дар донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино назорати духтурӣ ва Варзиши муолиҷавӣ дар соли 1958 дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ шуруъ шудааст. Дар он солҳо мудири кафедра В.П. Химич буд. Дарсҳо якҷояги бо диспансери Чумҳуриявии тиббӣ-ҷисмонӣ, ки сардухтураш М.А. Смоляром буд, гузаронида мешуд. Аз рӯи дарси назорати духтурӣ ва варзиши муолиҷавӣ аввалин бор ҳамчун ассистент соли 1970 кор ва фаъолият намудааст. Баъдан дар ин кафедра дигар муаллимон Э.Н. Дворецский, В.В.Бивзюк,Т.К.Куликова кор намудаанд.
Дар моҳи сентябри соли 1975 ба сикли назорати духтурӣ ва варзиши муолиҷавӣ, курси физиотерапия илова карда шуд, пас аз ин кафедраи ВМТ ва НД ҳамчун кафедра алоҳида аз кафедраи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият намуд. Мудири кафедраи дар ин солҳо н.и.т., Э.М. Дворецский шуда буд.
Дар моҳи сентябри соли 1980 дар кафедраи ВМТ ва НД бо курси физиотерапия курортолог н.и.т., П.А. Мамадмуродов кор намудааст. Дар соли ҷорӣ дар кафедра яке аз асосгузори машқҳои тиббӣ ва назорати духтурӣ дар ҷумҳурӣ ассистент М.А. Смоляр кор намудааст, баъд аз он ассистенти кафедра С.А.Аминджановна шудааст, ки ординатураи клиникиро дар ҳамин кафедра хатм намудааст.
Ҳаҷми омӯзиш ва корҳои табобатӣ сол то сол зиёд мешуд ва соли 1983 ба кафедра ассистент Е.Г. Алиева қабул карда шуд, соли 1985 бошад С.А. Сулейманова ҳ амчун ассистент қабул карда шуд. Мудири кафедра н.и.т., П.А. Мамадмуродов таъйин карда шуд, ки то соли 1987 кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 1987 то соли 1992 Т.К. Куликова ҳамчун мудири кафедра фаъолият намудааст.
Аз соли 1989 то 1993 дар кафедра кор менамуданд ассистентон: н.и.т. О.Б. Астахова, н.и.т. Л.И. Абдусалямова, Р.Б. Юлдашева ва Л.П. Измайлова.
Аз соли 1992 то соли 1995 С.А. Сулейманова дар кафедра ҳамчун мудири кафедра кор намудаанд, аз соли 1995 муаллими калони ҳамин кафедра Е.Г. Алиева ҳамчун мувақаттан иҷрокунандаи мудири кафедра шуда кор намудаанд. Пас аз гирифтани тахассуси илми соли 1997 Е.Г. Алиева ҳамчун мудири кафедра то соли 2010 фаъолият намудаанд.
Аз соли 1999 дар кафедра фаъолият менамояд Н.В. Фаттоева, баъд аз гузаштани ординатураи клиникӣ дар ҳамин кафедра, инчунин то соли 2010 фаъолият менамуданд : З.И. Юлдашева,С.Г. МИроджева, Р.И. Касымова ва Л.А. Джалолова.
Дар соли 2010 пас аз якҷояшавии кафедраи ВМТ ва НД бо курсҳои физиотерапия ва Тибби Шарқ, кафдоае бо номи ВМТ ва ТШ фаъолият намуд. Мудири кафедра Солиев Ф.Г., аз соли 2010, профессори кафедра Исомитдтнов А.И. аз соли 2013, муаллими калон Н.В.Фаттоева,ассистентон: Сафарова Г.Н.,Сафаров Д. Аз соли 2017 бошад Нажмидинова М.Н. дар кафедра ҳамчун мудир то ин ҷониб фаъолият менамояд.

Гузариш ба саҳифаи: