Таҷлили ҷашни 25 солгардии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни 25 солгардии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон
6-ноябри соли ҷорӣ 25-солгардии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон ҳангоми баромад дар ХХI сессияи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки 6-ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон накши бузургро бозид. Халки тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи давлатдорияш бо роҳи референдуми умумихалқӣ нахустин конститутсияи худро қабул кард. Иштироки фаъолонаи шахрвандони Ҷумҳурӣ дар ин ҳодисаи муҳими сиёсӣ, пешрафти муҳим ва пирузии демократия ба ҳисоб меравад.
Дар арафаи рузи Конститутсия, ки ҳар сол 6-ноябр ҷашн гирифта мешавад, баҳо додан ба нақши он дар ҳаёти ҷамъият, равандҳои сотсиялӣ ва маданӣ муҳим аст. На бояд фаромуш кард, ки сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муҳими ҳаёти мо, қабул карда шудааст.
Мо тоҷикони давлати соҳибистиқлоламон бо боварӣ метавонем гуфт, ки мо як ҷумла хусусиятҳои давлатиро дорем, ки бо онҳо метавон фаҳр кард. Аз як тараф ин факти ҷоришуда бошад, аз тарафи дигар шаҳрванди тоҷикро новобаста аз он, ки у дар куҷо қарор дорад, амал кардани меъёрҳо ва маҷбуриятҳои конститутсияро водор месозад. Сарчашмаи мафҳуми контитутсионализм ба давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ рост меояд. Дар он вакт 4 маротиба конститутсия қабул шуд ин ҳам бошад: солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978. Раванди аз нав қабулкунии конститутсия аз он далолат мекард, ки Тоҷикистон марҳилаҳои инкишофро, пешравиро аз сар мегузаронд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки қабулкунии конститутсия омили асосии якҷояшавӣ, мудофияи сулҳ, устуворӣ, осоиштагӣ ва ризоияти умумихалқӣ дар ҷомеа мебошад. Ин хуҷҷати муҳим, роҳи инкишофи халқи тоҷикро дар тули ин солҳо муайян кард ва барои ташкил шудани самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти мо вусъатҳои васеъро кушод.
Соли ҷорӣ 25- солгардии конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн хоҳем гирифт. Дар тули ин солҳо ба конститутсия бо роҳи референдуми умумихалқӣ 3 маротиба 26-сентиябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22 майи 2016 иловаҳо ва дигаргуниҳо ворид карда шуданд. Нақши ин хуҷҷати муҳим дар ташаккул ва инкишофи давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд беқиёс аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унитаризмро, ҳокимияти президентиро, забонӣ тоҷикиро бо сифати забони давлатӣ ва забонӣ русиро бо сифати забонӣ муоширати байналмилалӣ, автономияи вилояти Бадахшони куҳиро ба назар мегирад.
Баъди қабулкунии Конститутсияи Ҷумҳурият-таҳкурсии ҳамаи системаҳои конунгузорӣ ва маркази системаи хуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду вазифаи муҳим ба миён омад: аз як тараф, тартиб додан ва бунёд сохтани фаъолияти давлати мустақили чавон дар асоси принсипи конститутсиёнии тақсимкунии ҳокимият, аз тарафи дигар бошад тайёр кардан ва қабул кардани қонунҳои нави ба руҳи истиклолияти давлатӣ ва бозори иқтисодӣ ҷавобгуӣ.
04.11.2019     136

Гузариш ба саҳифаи: