Ҷаласа бахшида ба паёми Пешвои миллат

Ҷаласа бахшида ба паёми Пешвои миллат

Омӯзиш ва муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кафедраи варзиши муолиҷавӣ ва тибби шарқ сурат гирифт.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондоир ба барқарор кардани соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ, рушди фарҳанг, илм ва маънавиёт, бунёди роҳҳо ва нақбҳо, бунёди ГЭС-ҳои обшор, барқӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф,тандурустӣ) ва ташаккули муносибатҳои байналхалқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ, саҳми Тоҷикистонро дар бартараф кардани хатарҳои глобалӣ, махсусан терроризм, экстремизм ва масъалаҳои экологӣ ва дигар масъалаҳоро дарбар гирифт. Инчунин, қайд карда шуд, ки аз солҳои 2019 -2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардад.

Муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон:

“Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандин солаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидо гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минъбад низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав ва афзоиши ҳаҷмиистеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣро во намекунем.

Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи смарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсион баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақша гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ- аграрӣ амалӣ гардонид истодаем.

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулот дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар тақвият бахшанд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон , расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷромекунанд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳнашуда истодааст, ҳолоҳам паст будани сатҳи сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва    роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Мо бояд аз истиқлолияти озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, шукронаи Ватани соҳибистиқлолу маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмиллалӣ бозҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.

02.02.2019     57

Гузариш ба саҳифаи: