Фаъолияти омӯзишӣ

Фаъолияти омӯзишӣ
Фанни Тибби Шарқ дар Маркази табобатии шаҳрии №10 дар ошёнаи 5-ум (аз 2017 сол ДИ «Маҷмааи Истиқлол»), гузаронида мешавад, аз 4 утоқи дарсӣ бо 10-12 ҷойи нишаст ва як ҳуҷраи психологии лексионӣ иборат мебошад бо масоҳати умумии 68 м.кв.
Базаи сеюми кафедра дар Маркази шаҳрии Веотебрология ҷойгир шудааст, ки аз 4 ҳуҷраи дарсӣ,к ибо 52 ҷойи нишаст вуҷуд дорад ва масофаи умумии он 90 м. кВ. дар бар мегирад.
Лексияҳои ВМТ ва физиотерапия аз тарафи мудири кафедра, профессор ва дотсенти кафедра бо забони русӣ ва тоҷикӣ дар зали №7, ки дар ошёнаи 2-ум ҷойгир аст, дар корпуси нави донишгоҳ хонда мешавад. Ҳангоми гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни физиотерапия ба донишҷӯён физиопроседураҳо ва асбобҳо нишон дода мешавад, ки дар Маркази табобатию табобатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино , Маркази табобатии шаҳрии №10 ва Маркази шаҳрии Веотебрология ҷойгир шудааст.
Ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ бо асбобҳои физиотерапевтӣ (10 -то), авезаҳо (60-то), компютерҳо (6-то) ва принтерҳо (5-то) муҷаҳазонида шудааст. Дарсҳои амалӣ бо усули навини технологӣ, компютерҳо ва мултимедиа, бо нишон додани видеороликҳо оид ба мавзӯъҳо, инчунин гузаронидани презентатсия ва маърузаҳо гузаронида мешавад.
Таъмини кафедра бо кормандон аз 12,5 то 18,75 воҳидро ташкил менамояд. Ҳамагӣ 16,75 воҳиди кори ассистентон, 2,0 воҳиди кории лаборанти мебошад. Сину соли миёнаи кормандони кафедра 48 соларо ташкил менамояд. Аз 17 кормандон 8 нафар ассистентон кормандони асосӣ ба шумор мераванд, дигарон бошад кормандони ҳамкор мебошанд. Дараҷанокии илмӣ 37,5 %-ро ташкил медиҳанд.
Вазифаҳои асосии кафедраи «ВМТ ва ТШ» инҳо мебошанд:
- омузонидани механизми таъсири омилҳои физикӣ ба организми инсон;
-тайёр намудани донишҷӯён барои кори мустақилонаи гузаронидани протседураҳои физиотерапевтӣ;
-азхуд кардани асосҳои табобати ҷисмонӣ ва назорати духтурӣ;
- омузонидани механизми таъсири ашқҳои табобатӣ ва маҳс;
- фаҳмонидан оид ба табобат бо ёрии тибби шарқӣ барои пешгирии бемориҳо, гузоштани ташхис, табобат ва чунин проседураҳо: фитотабобат, сӯзандармонӣ ва биоқувва.
Кори омӯзишӣ - методӣ
Маҳорати таълимӣ-методӣ дар кафедра иҷро карда мешавад бо ҷадвали дарсҳо.
Курси «физиотабобат» таҳия ва ворид шудааст аз ҷониби консепсияи навини тиббӣ барои донишҷӯёни курси 4-уми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Барои баланд бардоштани савияи дониш новобаста аз ворид намудани корҳои навин ба тиббӣ олӣ ва фарматсия диққати махсус дода мешавад.
Кори таълимӣ – методӣ: : М.Н. Нажмидинова, М.М. Захидова «Современные представления герудотерапии»; М.Н. Нажмидинова, М.К. Умарова «Здоровый образ жизни»; М.Н. Нажмидинова, М.К. Гулзода, Ш.Д. Урунова «Фитотерапия»; М.Н. Нажмидинова, Ш.Д. Урунова, П.К. Носирова, З.Д. Алиева «Гиёҳдармонӣ».
Дар кафедра барои хуб намудани раванди таълим коркардҳои методӣ таҳшудаанд бо забони русӣ , давлатӣ ва хориҷӣ , ҳар сол бо назардошти дигаргуниҳои ба амал омада, инчунин ҳама маводҳои таълимӣ навсозӣ карда мешавад.
Такмили кафедра бо се барномаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст: равоншифоӣ, сӯзандармонӣ ва физиотабобат. Дар муддати солҳои гузашта 49 нафар мутахассисон аз такмили ихтисос гузаштаанд ва дар соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии Республикаи Тоҷикистон кор ва фаъолият менамоянд.
19.02.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: