Давраи омӯзишии «Омӯзгори босамар».

Давраи омӯзишии «Омӯзгори босамар».

Дар донишгоҳ рӯзҳои 5-10 октябри соли 2020 давраи навбатии омӯзиши «Омӯзгори босамар» барои 10 нафар мудирони кафедраҳо баргузор гардид. Дар ин давраи омӯзишӣ ба мудирони кафедраҳо оиди усулҳои муосири гузаронидани машғулиятҳо барои донишҷӯён, роҳбарӣ, коргузорӣ, ҳалли масъалаҳои гуногун ва ғайра силсилаи лексияҳо баргузор гардид.

Дар ин чораҷӯӣ ба истифодаи технологияҳои муосири таҳсил ва усулҳои интеркативӣ аҳамияти маҳсус дода шуд. Хусусияти фарқкунандаи машғулиятҳо - иштироки фаъоли омӯзгорон дар баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда буд. Дар ҷараёни машғулиятҳо  аз тарафи мудирони кафедраҳо якчанд таклифҳо баҳри беҳтар гардонидани  таълим дар донишгоҳ пешниҳод карда шуданд. Рӯзи охирон ҳар як иштирокчии давраи омӯзишӣ презентатсия оид ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳод намуд. Аз тарафи мудири кафедраи травматология ва ортопедия, д.и.т., профессор Раззоқов Абдувалӣ Абдуҳамидович пешниҳод доир ба мавзӯъи «Маҳакҳои баҳодиҳӣ ба самаранокии фаолияти мудирони кафедраҳои клиникӣ» пешкаш карда шуд, ки аз тарафи мутасаддиёни давраи омӯзишӣ ва иштирокчиён ба он баҳои баланд дода шуд.

Бешубҳа, ташкили чунин давраҳои омӯзишӣ дар  самти  беҳтаргардонии ҷараёни таълим дар донишгоҳ, як қадами саривақтӣ ва замонавӣ мебошад.

Мудири кафедраи травматология ва ортопедия,

 д.и.т., профессор Раззоқов Абдувалӣ Абдуҳамидович

16.10.2020     3

Гузариш ба саҳифаи: