Таърихи кафедра


Кафедраи тибби судӣ соли 1942 таҳти роҳбарии профессор Леонтев А. Г. таъсис дода шуд. Ҳамчунин профессор Леонтев А.Г. вазифаи сармутахассиси Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистонро адо мекард. Ташкил намудани кафедра барои инкишофи экспертизаи судию тиббӣ, инчунин, ба самтҳои гуногуни тибби судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такон дод. То ташкил шудани кафедра баъзе аз намудҳои экспертиза дар шаҳри Тошканд гузаронида мешуданд, ки гузаронидани экспертизаро мушкил мекард. Пас аз ҷумҳурӣ рафтани профессор Леонтев А.Г. роҳбарии кафедраро профессор Сиповский П.В.ба ӯҳда гирифт, ки дар баробари ин, мудири кафедраи анатомияи патологӣ буд. Соли 1945 профессор Сиповский П.В. Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намуд. Баъди рафтани профессор Сиповский П.В., аз соли 1945 то 1948 кафедра бе мудир буд, вале бо қувваи омӯзгорони кафедра вай фаъолият менамуд. Аз соли 1948 то 1958 ба вазифаи мудири кафедра Шершавкин С.В. таъин карда шуд. Дар давраи мудирии Шершавкин С.В., дар корҳои илмии кафедра дигаргуни дида шуд. Дар соли 1949 маҷаллаи аввалини сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва кафедраи тибби судии Донишкадаи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид. Соли 1949 Шершавкин С.В. рисолаи номзадиро ҳимоя намуд ба таҳияи рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи тибби судии Россия дар асрҳои 17 ва 19» оғоз намуд. Баъди бомувафаққият ҳимоя намудани рисолаи докторӣ ба Шершавкин С.В., унвони профессор дода шуд. Соли 1959 профессор ШершавкинС.В. Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намуд. Баъди рафтани вай роҳбарии кафедра ба уҳдаи н.и.т., дотсент Глушенко А.Г. гузошта шуд, вай Ҳамзамон ӯ сармутахассиси Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳангоми сармутахассис ва мудири кафедраи суди тибби судӣ будани Глущенко А.Г., тибби судӣ рушд ёфта, экспертҳои судию тиббии ноҳиявӣ ва байниноҳиявӣ пайдо шуданд. Соли 1961 ассистенти кафедра Ғоибов А.Ғ. таҳияи рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Тағйиротҳои эътилолии ғадудҳои наздигӯшӣ дар синнусоли гуногун, ки сабаби маргашон бемориҳои музмин буд» оғоз намуд. Баъди соли 1968 бомувафаққият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ Ғоибов А.Ғ. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин карда шуд ва ба таҳияи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Кӯҳнагии ҳосилшавии осебҳои бадан аз рӯйи меъёрҳои тағйиротҳои морфологӣ» шурӯъ намуд ва ба вазифаи мудири кафедра ва ходими калони илмии кафедра гузаронида шуд. Соли 1974 рисолаи докториро бо мувафаққият ҳимоя намуд ва соли 1975 унвони прфессор ва вазифаи сармутахассиси Вазорати тандурустӣ дода шуд. Соли 1978 профессор А.Г Ғоибов вазифаи Шӯрои методии экспертҳои судию тиббиро иҷро мекунад, инчунин аъзои Акадмеияи илмҳои СССР дар самти суди тиббӣ оид ба мавзӯи «Заҳролудшавӣ дар тибби химиявӣ» интихоб карда шуд, баъди ба кафедра омадани профессор Ғоибов А.Ғ. аз ҷиҳати илми ва маводҳо кафедра хеле пеш рафт. Дар кафедра барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ таҷҳизот, ҷадвалҳои ранга ва ғайра муҳаё карда шуд. Ассистенти кафедра Сангинов Д.Н., вазифаи дотсенти кафедраро ишғол намуд. Солҳои 1969 – 1971г., дотсент Сангинов Д.Н.,вазифаи мудириро дар кафедра ба уҳда гирифт. Солҳои 1972-1973., ассистентҳои кафедра Д.Д.Ҷамолов, Р.М.Султонов, А.А. Ҷурабоев барои иҷрои корҳои илмӣ ба Федератсияи Россия фиристода шуданд. Солҳои 1990-2006 роҳбарии кафедраро н.и.т., дотсент Султанов М.Р. бар дӯш дошт. Дар ин давра дар кафедра кадрҳои тиббӣ омода карда мешуданд. Соли 2004 З.К.Хушқадамов бомуваффаққият рисолаи номзадиро дар мавзӯи ҳимоя намуда соли 2006 мудири кафедра унвон досент Хушқадамов З.К. таъин гардид. Дар ин муддат дар кафедра 3 ихтироот ва зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ чоп шуданд. Соли 2007 тибқи озмун мудири кафедра Хушқадамов З.К. ба докторантураи рӯзонаи ММА ба номи И.М.Сеченеви шаҳри Москва аз ҳисоби фонди эҳтиётии Президенти ҶТ фиристода шуд. Соли 2010 рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуда, ба кафедра барои идома додани корҳои илмию педагогӣ баргашт.

Гузариш ба саҳифаи: