Фаъолиятҳои омӯзишӣ


Фаъолияти омӯзишӣ
Дар кафедра машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо аз фанни «Тибби судӣ» барои донишҷӯёни курси 5 факултетҳои тиббиву педиатрӣ, дар курси 4-уми факултети стоматологӣ ва курси 6-уми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, ва курси 3 бакалавр гузаронида мешавад. Таълим дар мувофиқа бо барномаи таълимӣ гузаронида шуда, бо назардошти хусусиятҳои ҳар як факултет, хусусияти фаъолияти мутахассисони оянда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудаанд.
Аз соли 2014 кафедра дар доираи татбиқи «Нақшаи стратегии рушди системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шабакаи ягонаи системаи иттилоотӣ барои беҳтар намудани аёнияти омӯзишии донишҷӯён пайваст шудааст.
Аз соли 2018 дар кафедра курси такмили ихтисос (КТИ) оид ба тибби судӣ ташкил карда шудааст.
Кори омӯзишӣ – методӣ
Кафедра фаъолияти таълимию методии худро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимӣ равона намудааст. Дар кафедра корҳои методӣ ва дастурҳои таълимӣ ба ду забон тоҷикӣ, русӣ чоп карда шудаанд. Қариб ҳамасола бо дарназардошти тағйироту иловаҳо ҳамаи дастурҳо аз нав таҳрир ва чоп карда мешаванд. Аз тарафи кормандони кафедра китоби тибби судӣ, ба забони давлатӣ, дар 2 ҷилд, дастурамал барои донишҷӯён «Аз назар гузаронидани ҷои ҳодиса», дастурамал барои донишҷӯён ва коршиносони тибби судӣ «Дараҷаҳои вазнинии осеби бадан», саволномаҳо аз санҷиши назариявӣ аз фанни тибби судӣ барои донишҷӯёни курси 5-ум ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ,саволномаҳои тести аз фанни тибби судӣ бо забони англисӣ барои донишҷуёни гуруҳҳои забони хориҷӣ, саволномаҳои тестӣ аз фанни ҳуқуқ аз руи ихтисос бо забони англисӣ барои донишҷуёни гуруҳҳои бо забони хориҷӣ тартиб дода шудааст.

Гузариш ба саҳифаи: