Ёрии таъҷилӣ ҳангоми аллергияҳои доругӣ

Ёрии таъҷилӣ ҳангоми аллергияҳои доругӣ
Дар кафедраи тибби оилавии №2, рӯзи 24 феврал таҳти роҳбарии мудири кафедра Ёдгорова М.Ҷ. чорабинии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ёрии таъҷилӣ ҳангоми аллергияҳои доругӣ”, бо иштироки донишҷӯёни курси 5, гурӯҳи 60 - уми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур оиди моҳияти донистани кӯмаки фаврии тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои реаксияҳои доругӣ, хуб дарк намудани таъсири мутақобилаи маводҳои доругӣ дар якҷоягӣ маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд. Номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедра Иномзода Ҷ.И. баромад карда аз ҷумла қайд намуданд, ки беҳтарин ганҷинае, ки инсон ҷамъоварӣ мекунад, илму ҳунар аст, дар ҳоле, ки донишгоҳи мо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштааст, шумо донишҷӯён бояд ба талаботи бозори дохилию хориҷӣ ҷавобгӯ бошед. Мудири кафедра дар суханронии худ баён намуданд, ки кайфияти касби интихобнамудаатонро ҳамон замоне, ки кӯмаки тиббӣ мерасонеду ҷони як нафареро наҷот медиҳед, дарк хоҳед кард.
27.02.2020     61

Гузариш ба саҳифаи: