СOVID-19 ВАБОИ АСР
Дар Маркази саломатии шаҳрии №12, ки пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2 маҳсуб меёбад, чорабинӣ дар мавзӯи «СOVID-19 ВАБОИ АСР» гузаронида шуд.
Дар оғози чорабинй омӯзгори гурӯҳи 5 факултаи педиатрй Ҳайдарова С.Ф дар бораи тадбирҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ, табибон ва ҳамширагон баҳри пешгирии коронвирус ҷойкунии шаҳрвандони аз хорича омада ба бунгҳҳои тиббии карантинӣ маълумот дод. Донишҷӯён Мағзумов А маълумоти пурра дар бораи коронавирус, Мирзоев Ш дар бораи гигиенаи шахсӣ ва умумӣ, Асадуллоева С дар бораи пешгирӣ аз сироятёбӣ бо коронавирус, роҳҳои гузариш ва нишонаҳои клиникии он маълумот ва баҳри нишастагон маърӯза карданд. Омӯзиши фанни «Фармакологияи клиникй» барои муайян намудани фармакотерапияи самараноки бемории сироятии COVID-19 шароити мусоид фароҳам меоварад.
С.Ф Ҳайдарова, муаллими калони кафедра
06.04.2020
557