Саҳми худро мегузорем

Саҳми худро мегузорем
13 –уми феврал дар кафедраи тибби оилавии №2, таҳти роҳбарии профессори кафедра Умарова З.Қ. бо донишҷӯёни бахши 6-уми гурӯҳи 3, факултети педиатрӣ чорабинии тарбиявӣ ва сиёсӣ оиди мавзӯи “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аҳамияти он ба соҳаи маориф” баргузор гардид. Оид ба ин мавзўъ Ҳакимова М.Б. маърўза намуда, аз љумла ќайд кард, ки Истиқлолият дар баробари дигар музаффариятҳояш ба миллати мо дастовардҳоеро рӯйи кор овард, ки хурду калони мо асрњо орзӯи онҳоро дар дил мепарвариданд. Мо устодонро ҳам дар баробари дигар ашхоси ҷомеа ҳар пешравию комёбии кишварамон хурсанд мекунад ва агар вобаста ба мактабу маориф дастовардҳо ба даст биёянд, дучанд хурсанд мешавем. Аз калонсолоне, ки даврони шӯравӣ ҳаёт ба сар бурдаанд, бисёр шунидаем, ки мегӯянд: бештари китобхонаву дабистонҳои замони шӯравии кишвари мо, хусусан дар деҳот дар кадом ҳолати тоқатфарсо қарор доштанд.
Дар баробари дигар аъзоёни ҷомеа мо устодон низ имрӯз аз дирӯз бояд масъулияти бештар эҳсос намоем, зеро замони имрӯза аз 25-30 соли қаблӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафтани техника ва илм фарқ мекунад ва насли ояндасози мо ҳам набояд аз замона ақиб монад.
Соли 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, ки мардуми мо аз ин хеле шод гаштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.
Мо устодон ҳам дар баробари омӯзиши пайваста ва азбар намудани илму технологияи муосир бояд масъулиятро дар заминаи самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи мактабу маориф ба роҳ монем ва шоистаи гузаштагони обрӯманди миллати хеш бошем.
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ, таъриху маданият ва арзишҳои миллат муносибати навро тақозо мекунад. Тарбияву саводноккунонии ҳар шаҳрванди шоистаи Ватан мақсади асосии соҳаи маориф буда, тавассути ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасот ва омӯзиши таърихи қадимаи халқ, истифодаи самараноки комёбиҳои илми муосир ба даст меояд. Мо устодон ва донишҷӯёни МДТ ДДТТ низ чун дигар аъзоёни ҷамъияти кишвари хеш пайравони Пешвои миллат ҳастем ва дар “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар канор намонда, ҳамроҳи дигар кормандони соҳаҳои гуногун бояд ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.
Мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ., мутасаддии тарбия Мирзокалонова М.Ҷ.
13.02.2020     138

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php