Роғун-иншооти аср
12 феврал дар кафедраи тибби оилавии №2 таҳти роҳбарии профессори кафедра Умарова З.Қ. бо донишҷӯёни бахши 6-уми гурӯҳи 3 факултаи педиатрї чорабинии тарбиявї ва сиёсї оиди мавзӯи «Роғун» — иншооти аср” баргузор шуд. Дар маърўзаи донишҷӯй курси 6 факултаи педиатрї Абдуллоев Аюбшо оид ба ин мавзўъ ќайд гашт, ки њангоми пурра ба истифода додани ин нерӯгоҳ 6 агрегати он бо иқтидори 3600 Мв фаъолият менамояд.
Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд. Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани ИҶШС гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи неругоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид.
Зарурияти гузаронида шудани ин санҷиш бо Қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС №1110 аз 19.09. соли 1988 “Дар бораи чораҳои комилан беҳтар кардани вазъияти экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал” вобаста буд, ки дар ин вақт акнун муаммои Аралро ба назар нагирифтан имкон надошт. Дар асоси мушоҳидаҳои зоҳирӣ, натоиҷи тадқиқ ва таҳқиқи иловагӣ, инчунин таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва ахборе, ки дар ҷараёни сохтмони неругоҳ ҷамъ шудаанд, маводи фаровони дақиқ ба даст омаданд, ки ба шарофати ин кулли маълумоти муҳимтарини лоиҳаро хостан дар боби муҳандисию геологӣ ва асоснокии зилзилашиносӣ тасбит месозанд.
Дигар тасдиқи дурустӣ ва боэътимодии лоиҳаи интихобшуда дар он собит мегардад, ки неругоҳи Норак ва ярчи Усой дар кӯли Сарез ба ҳамин шабоҳат доранд. Сарбанди Норак аз ҳамин навъ буда, 36 сол боз дар ҷараёни истифодааш ягон сабаби беэътимодии он ба назар нарасидааст. Барои таъмини эътимоднокӣ ва устувории олӣ бо ҳисобгирии самаранокии иқтисодии ин иншооти нодир ҳамчун сохтмони мӯҳташами гидроэнергетикии дар минтақа ба сони иншооти мӯҳташами обёрию энергетикӣ фаъолият намуда, бо қарори лоиҳавӣ сарбанди иборат аз хоку санг ба садди нерӯгоҳи Норак шабоҳат дошта ва бо баландии 335 м бунёд гардад. Барои қабул намудани қарори мазкур силсилаи бузурги тадқиқоти назариявӣ ва амалӣ муҳосибавӣ, озмоишгоҳӣ, корҳои муоинавӣ ва мушоҳидаҳо гузаронида шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки бунёди сарбанд дар ин дарғоти интихобшуда агар пасттар сохта шавад, дар оянда танзиму таъмини бисёрсолаи маҷрои дарёҳои Вахш ва Ому номумкин мешавад. Ба иртиботи иқлим, ки солҳои камобӣ зуд-зуд такрор шудан дорад, дар ин нуқтаи нодиртарин, ки дарғот эъмор мегардад, дар сурати пастар шудани сарбанд ба кишварҳои ҳавзаи Амударё зиёни калон хоҳад расид. Ин нақшаҳо бо мақсади ҳаллу фасли комил ва муфиди истифодаи захираҳои оби минтақа ва асоснокии шабакаи чорабиниҳои хоҷагии об доир ба обтаъминкунии соҳаҳои рӯ ба инкишоф ниҳодаи хоҷагии халқ мебошанд. Обанбори неругоҳи Роғун бо обанбори Норак дар рудхонаи Вахш якҷоя бо обанбори Туямуюн дар Амударё ба ҳаҷми умумии қобили истифодаи 18-19 км мукааб қудрат дорад, ки маҷрои Амударёро ба тӯли солиён бо обдиҳии бокафолат дар ҳаҷми 5,0-5,9 км мукааб дар заминҳои ҳавзаи Амударё, ки дар ҳудудҳои Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳастанд, таъмин намоянд.
НБО «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгириву мададгор нашуда бошанд.
Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва кувваи бузург бахшидааст
Мудири кафедра н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ., мутассади тарбия Мирзокалонова М.Ҷ.
13.02.2020
192