Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон, тарзи истифодаи онҳо дар соҳаи тиб ва тандурустии ҷамъиятӣ

Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон, тарзи истифодаи онҳо дар соҳаи тиб ва тандурустии ҷамъиятӣ

Дар кафедраи тибби оилавии №2, санаи 26-октябр соли 2020, таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Носирова М.П. чорабинии фарҳангӣ-тарбиявии Ҷашни “Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва тарзи истифодаи онҳо дар соҳаи тиб ва тандурустии ҷамъиятӣ”, ки аз тарафи донишҷӯёни курси 5, гурухи 38-уми факултети тиббӣ омода гардид, гузаронида шуд.   Инчунин дар чорабинии мазкур мудири кафедра Ёдгорова М.Ҷ., дотсенти кафедра Мирзокалонова М.Ҷ., ассистентҳои кафедра Мукарамова Д.А., Асфияева Х.М., Шамсутдинова Г.А., Баротов И.И. ва донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6-и факултети тиббӣ иштирок доштанд.

Донишҷӯ Нозиров Ашраф чорабиниро оғоз намуда гуфт, ки аз 1500 намуди растаниҳои доруворӣ ҳамагӣ 145 намудро дар соҳаи тиб истифода мебаранд., ки дар ин самт халқи тоҷик китоби Қанзи шифоро ҳамчун бойгонӣ, ки дар он гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон шарҳ дода шудаанд оварда шудааст. Халқи тоҷик аз қадимдарин таърихи бой ва пурғановат дошта, дар соҳаи тиб нобиғаҳои нотакрор дорад ва мисли Абӯалӣ ибни Синои бузург ва Закариёи ал-Розӣ, ки усулҳои табобатии гиёҳӣ-ро дар мадди аввал мегузоштанд.

Донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ маълумоти муфассал дар бораи растаниҳои, ки дар соҳаи тиб истифода мешаванд, ба нишастагон гуфта гузоштанд. 1. Мунавваров Баҳодур дар мавзӯи “Испанд”,

2. Фатҳуллоева Ясмин – мавзӯи “Мята перечная”,

3. Юлдашев Бахтиёр – мавзӯи “Сиёҳдона”,

4. Ҳайбуллоева Таманно – “Ромашка”,

5. Лазизов Абдураҳим – “Барги зулф”,

6. Мирзоева Дилноза – “Шиповник”.

Маърӯзаҳои презентатсионии хеле ҷолиб пешниҳод карда шуд. Дар муҳокимаи маърӯзаҳо донишҷӯён ва устодони кафедра фаъолона иштирок намуданд. Баъди пешниҳоди маърӯзаҳо, фармворд оид ба мавзӯи барассишаванда пешкаши ҳозирин карда шуд, ки ба ҳамаи саволҳо посухи фаврӣ ва пурра дода шуд. Маълум гардид, ки маърӯзаҳоро донишҷӯён бо диққат гуш карданд ва нисбати гиёҳҳои шифобахш тавоҷӯҳи ҷиддӣ доранд. Чорабиниро мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ. ҷамъбаст карда, сатҳи баланди мавзӯъӣ ва тарзи пешниҳоди маводро қайд карда, зарурати чунин маҳфилҳоро дар тарбияи ҳисси ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва малакаи суханварии донишҷӯён қайд карданд. 

Дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П.

3
2
1
28.10.2020     408

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php