Он ки хандонад ятими хастаро….
Донишҷӯёни бахши 5, гурӯҳи 51-уми факултаи тиббӣ бо роҳбарии дотсенти кафедраи тибби оилавии № 2 Мирзокалонова М.Ч. аз хонаи кӯдакони №1, ки аслан кӯдакони маъюб дар ин ҷо парасторӣ мешаванд, дидан намуданд. Ин кӯдакони бепарастор, ки бармаҳал аз навозишу меҳрубонии падару модар дур шудаанд, аз ҷиҳати функсионалӣ ё органикӣ нуқс доранд, гуфт Мирзокалонова М. Ч.-дотсенти кафедра. Таъкид гардид, ки аз бемасулятӣ ва беаҳамиятии падару модарон ва ба ташхис исрор накакрдани духтурон, ин кӯдакон аз муолиҷаи саривақтӣ ва пешгирии беморӣ дур монданд.
Донишҷӯён барои кӯдакон хӯрока ва бозичаҳо тақсим намуда, барои болидагии хотири онҳо бозиҳои шавқовар, рақсу сурудхонӣ ташкил карданд. Шеръҳо дар васфи ватан, зебоӣ, модару падар қироат намуданд. Ин дидорбинӣ бо доштани муҳтавои ахлоқиву тарбиявӣ дар хотири донишҷӯён ва он кӯдакони маъсум нақши муҳим гузошт.