Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ

Дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатии №15, таҳти роҳбарии дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П. бо иштироки донишҷӯёни факултети тиббии бахши 5-и гурӯҳи 59 дар мавзӯъи «Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ» чорабинии тарбиявию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П.  қайд намуд,  ки иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои Миллат - Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар бораи об, эълон кардани соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии  «Об барои ҳаёт» ва  солҳои  2018-2028  даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор» худ далолат бар он мекунад, ки ҳар фарди баномуси кишвар тозаю озода нигоҳ доштани обро вазифаи ҷонии худ бидонад ва бар он пойбанд бимонад.

Донишҷӯён дар суханронии худ оид ба вобастагии солимии инсон,  зиндагии осоишта,  ободӣ ва озодагиву пурбаракатии ҳаёти инсон  ба об ҳарф зада, аҳли толорро ба ибрози назари худ дар атрофи ҳамин мавзӯъ даъват намуданд.   

Дар маркази диққати иштирокчиёни маҳфил баррасии вазифаҳое буданд, ки аз нутқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, «Хамагон бояд донанд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъхои сузишвориву манбаъхои энергетикӣ барои ояндаи босуботи кишвар ва минтака мебошад». Дар муҳокимаи мавзӯъ донишҷӯён Мунираи Умаршо, Ҷалилов Фаридун, Собирзода Парвина, Ёрова Суман, Қудратова Нушофарин   суханронӣ карда гуфтанд, ки мо, табибони ояндаро, зарур аст, ки барои пешгирии паҳншавии бемориҳо ба тозагии об диққати бештар диҳем.

Дар чорабинӣ инчунин мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ. баромад  карда,  оид ба масъалаҳои мубрами пешгирикунии бемориҳои сироятӣ, тоза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ сухан ронданд.

                       Дотсенти кафедраи тибби оилавӣ, н.и.т.  Носирова М.П.

24.09.2020     19

Гузариш ба саҳифаи: