НБО-и Роғун- умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик

НБО-и Роғун- умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик

Дар пойгоҳи Маркази саломатии №15 кафедраи тибби оилавии №2 бо иштироки мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ, н.и.т., дотсент, Носирова М.П., н.и.т., дотсент, Мирзокалонова М.Ҷ., ассистент Мукарамова Д.А., ассистент Баротов И.И. ва донишҷуёни бахши 5, гурӯҳҳои 58-61, 67, бахши 6, гурӯҳҳои 40, 42 чорабинии тарбиявию фарҳангӣ дар мавзӯъи «НБО-и Роғун - умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик» гузаронида шуд.      

Донишҷӯёни гурӯҳи 42-и бахши 6-уми факултети тиббӣ ба нишастагон презентатсияҳои мултимедӣ ва видеофилмҳо дар бораи таърихи пайдоиши проблемаи равшанидиҳӣ дар кишварамон ва мушкилоте, ки мардуми тоҷик баъди пошхурдани Иттиҳоди Шуравӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, пешниҳод намуданд.

Исомаддинов Сомонҷон доир ба кор даровардани НБО-и Роғун маърӯза кард: «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба хисоб меравад. Роғун ин манбаи нур аст, зеро он Тоҷикистонро ба ахтари ҳамешатобон табдил хохад дод».

Дар муроҷиатноми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: "Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт."

16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Нахуст дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. НБО-и Роғун натанхо равшангари рузгор, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хохад буд. Дар чорабинӣ донишҷӯёни гурӯҳи 42 бо маърузаву шеърҳо дар васфи Ватан баромад намуданд:

“Кишвар фурӯзон мешавад аз файзи Роғун дӯстон.
Дилҳо мунаввар мешавад аз пайки Роғун дӯстон.
Душман агар ҳарфе занад қадре надорад ӯ дигар,
Дунё хабардор мешавад аз чархи Роғун дӯстон.” (Шамсӣ Қамар)

Сохтмони нерӯгоҳи Рогун корнамоии навбатии ахолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, мехнатпарастию бунёдкорист. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад.   

Дар охир мудири кафедра Ёдгорова М. Ҷ. ба чорабинии тарбиявию фарҳангӣ баҳои баланд доданд, гуфтанд, ки имрӯзҳо тамоми муассисаҳои таълимӣ бо равшаниву гармӣ тавассути нерӯи барқ, ки манбаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, таъмин ҳастанд ва ба нишастагон муваффақиятҳои зиёде дар ободии ватани азизамон таманно намуданд.   

Дотсенти кафедраи тибби оилавии №2, н.и.т.    Носирова М.П.

17.09.2020     21

Гузариш ба саҳифаи: