НАШЪАМАНДӢ — ВАБОИ АСР

НАШЪАМАНДӢ — ВАБОИ АСР
Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро.

То биандозанд андар ҷах туро.
Фаридуддини Аттор.
Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонда, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад. Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба қасодӣ, носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нести мерасонанд. Бехуда нагуфтаанд:
Ростиро баду бало нарасад,

Марди каҷрав ба хеҷ ҷой нарасад.
Дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатии шаҳрии №15 донишҷӯёни курси 5-уми факултети тиббии гурӯҳи 52 чорабинии тарбиявию фарҳангӣ дар мавзӯи «Алҳазар аз нашъамандӣ» бо маърузаҳою презентатсияҳо гузарониданд.
Абдуалиева Нилуфар ва Тошева Сарвиноз оиди бемории ғайриодие, ки ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил, ҷигар ва дигар узҳои дарунӣ таъсир мерасонанд ба нишастагон нақл карданд. Қайд шуд, ки имрӯзхо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, нихоят зиёданд, наврасон ва ҷавонон шояд аз нодонӣ аз оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд.
Маълум гашт, ки донишҷӯён сикли фармакологияи клиникиро омӯхта истодаанд, дар баромадҳо оиди таснифот ва таркиби маводҳои нашъамандӣ, таъсирҳои номатлуби онҳо маълумоти мухтасар дода шуд.
Дар муҳокимаи мавзӯъ донишҷӯёни гурӯҳ фаъолона иштирок намуданд.

Дотсенти кафедра, н.и.т. М.П.Носирова
06.03.2020     193

Гузариш ба саҳифаи: