Нанги хатарнок ва ё чӣ тавр бо СПИД зиндагӣ кард

Нанги хатарнок ва ё чӣ тавр бо СПИД зиндагӣ кард
Дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатӣ бо иштироки устодони кафедра, докторантҳои РhD, кормандони МСШ №15 таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Носирова М.П. конфронси илмии клиникии донишҷӯӣ дар мавзӯъи «Опасная стигма или как жить с ВИЧ» баргузор гардид. Сараввал донишҷӯёни бахши 5, гурӯҳи 47: Ҷураева Тахмина, Абдуалиев Маҳмудҷон, Сабзалиева Анора ва Бандишоева Дилноза нисбати таърихи пайдоиш, эпидемиология ва патогенези ВНМО, нишонаҳои клиникӣ ва табобати антиретровирусӣ ба шунавандагон маълумоти пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Дар рафти презентатсияҳо видеофилмҳои омӯзишӣ нишон дода шуд. Дар ҷараёни конференсия аз ҷониби Олимов Олимҷон ба донишҷӯёни ширкатварзида викторинаи интеллектуалии хеле шавқовар пешниҳод гардид, ки он аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми маҳфили илмӣ омӯзгорони иштирок дошта баромад намуданд ва оиди сифати баланди маърӯзаҳо ва викторина, иқдоми маъсулиятноки донишҷӯён нисбати мавзӯи актуалии ҳозиразамон изҳори назар намуданд . Мудири кафедраи тибби оилаии №2, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ. ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳои илмию клиникиро барои донишҷӯён ва табибони пойгоҳи кафедра муҳим ва таъсиргузор унвон намуд.
Носирова М.П., дотсенти кафедра, н.и.т.

21.10.2019     18

Гузариш ба саҳифаи: